Хабарҳо
Фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бизнеси хурд
Нақши фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бизнеси хурду миёна дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллии кишвар муҳим буда, он барои таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат мекунад. Вобаста ба ин санаи 27-уми ноябр дар факултети иқтисод ва бизнес бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бизнеси хурд дар рушди иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Дар маҳфили илмии донишҷӯён профессори Донишкадаи муҳандисӣ-иқтисодии вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргашев Раҳматулло Хидирович ва устодони факултет иштирок намуда, дар он паҳлуҳои гуногуни ташкили бизнеси хурд ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Азизов Бахтиёр, Давлатов Самандар ва Меҳроби Ҳокимшо бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуданд. Баъдан профессор Эргашев Р. Х. оид ба муаммоҳои рушди соҳибкорӣ ва бизнеси хурду миёна дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маълумоти оморӣ фикру андешаҳои худро, ки характери илмӣ ва амалӣ доштанд, баён намуд. Пас аз анҷоми маърӯзаҳо, ки хеле ҷолибу диққатҷалбкунанда буд, иштирокчиён ба саволҳои гуногуни худ ҷавоб гирифта, вобаста ба мавзӯи зикршуда музокираҳо намуданд.
Раҳматулло Қаландаров, ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ