Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Корбурд дар низоми бонки электронӣ

Корбурд дар низоми бонки электронӣ

Истифода ва кор бо низоми электронӣ дар соҳаи фаъолияти бонкӣ дар замони муосир яке аз талаботи аввалиндараҷа барои донишҷӯёни соҳаи фаъолияти бонкдорӣ мебошад. Вобаста ба ин талабот дар соҳаи фаъолияти бонкдорӣ санаи 28 ноябри соли равон вохӯрии мутахассисони ТАҚХ «Ҳумо» бо донишҷӯёни факултети молия ва қарз сурат гирифт. 
Дар вохӯрӣ менеҷери кор бо мизоҷони коорпоритивӣ- Фирдавс Раҷабов, мудири маркази хизматрасонии бонкӣ-Дурахшон Давлатов ва мутахассис оид ба қабули мутахассисон - Ҷамшед Маҳмадиев аз ТАҚХ «Ҳумо» иштирок доштанд. Зимни вохӯрӣ Ф. Раҷабов дар мавзӯи «Бонки мобилӣ» баромад намуда, ба донишҷӯён роҳҳои истифодаи низоми бонкиро аз тариқи телефони мобилӣ дар мисоли ТАҚХ «Ҳумо» омӯзонд. Номбурда зимни баромад қайд кард, ки кор дар низоми бонкӣ тариқи мобилӣ барои ҳар як мизоҷ имконияти самараи вақтро дода, кор бо ин низом осон ва ғайринақдӣ сурат мегирад. Вале аз истифодабарандагон танҳо таҷрибаи кории электронӣ ва телефони мобилии ба интернет пайваст талаб карда мешавад. 
ТАҚХ «Ҳумо» соли 2004-ум таъсис ёфта, мақсади асосии он таъминоти хизматрасонии молиявии дастрас ба аҳолии деҳоти Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ТАҚХ «Ҳумо» яке аз ташкилотҳои пешқадам ва рушдкунандаи бахши молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад. Зиёда аз 75%-и сандуқи фаъолияти қарзии бонк ба хизматрасонии аҳолии деҳот равона шудааст. 


Нуралӣ Раҳимзода