Хабарҳо
Муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи молияи факултети молия ва қарз семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар профессори кафедра Бегматов А.А. дар мавзӯи “Муносибатҳои байнибуҷетӣ ва нақши онҳо дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, зарурат, моҳият, хусусият ва принсипҳои ташкили муносибатҳои байнибуҷетиро мавриди таҳлил қарор дод. Зимни баромад таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои ташкил ва танзими муносибатҳои байнибуҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми танзим ва баробаркунии амудӣ ва уфуқии буҷетҳо ва роҳҳои такмили он дар шароити муосир дода шуд.
Инчунин қайд шуд, ки тамоми масъалаҳои рушди минтақаҳои ҷумҳуриро танҳо бо ёрии муносибатҳои байнибуҷетӣ ва азнавтақсимкунии захираҳои молиявӣ ҳал намудан аз имкон берун аст. Бинобар ин мо бояд ба инкишоф додани иқтисодиёти минтақаҳо ва дар ҳамин замина васеъ намудани имкониятҳои молиявии онҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ, баровардани ноҳияҳо аз ҳолати дотатсионӣ кӯшиш намоем.
Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ модели марказонидашудаи низоми буҷетӣ амал мекунад. Хусусияти хосси он қисми асосии даромадҳои давлатӣ дар ихтиёри Ҳукумати ҶТ ҷамъоварӣ шуда, баъдан ба минтақаҳо аз нав тақсим карда мешаванд. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон, новобаста аз он, ки давлати федералӣ ва ё унитарӣ аст, муносибатҳои байнибуҷетӣ ҷой дорад.
Зарурати муносибатҳои байнибуҷетӣ аз кофӣ набудани иқтидори молиявии минтақа ва ноҳияҳо барои қонеъгардонии талаботи онҳо ба захираҳои молиявӣ ва зарурати ҷуброни маблағҳои норасоӣ аз ҳисоби захираҳои молиявии буҷетҳои сатҳи боло бармеояд.
Азизқулов Б., устоди кафедраи молия