Хабарҳо
Мубориза бар зидди бемории ВНМО/СПИД кори ҳамагон
Санаи 29 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/СПИД бо ибтикори нуқтаи тиббӣ ва раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ чорабинии маърифатӣ доир гардид, ки дар он устодону кормандон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаи тандурустӣ иштирок карданд. Чорабинӣ ба мавзӯи «1-уми декабр-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО/СПИД» бахшида шуд.
Дар чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Нурализода А.Н., муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Қодирова Б.А., Саидалӣ Шамсов, мудири шуъбаи кор ба ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, духтури минтақавӣ Шукуров Ҳ. ва мутахассисони соҳаи тиб - Камолова Нигина, корманди шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон дар МСШ №1, Ҳайдаров Шералӣ, мутасаддӣ оид ба бемории нашъамандӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ахмедова Шоҳсанам, мутасаддии барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим, Саидова Сайрам, духтури минтақавӣ, Раҳмонова Робия, мутасаддии барномаи мубориза алайҳи ВНМО ва Исматулоев Саъдуло, мутасаддӣ оид ба бемории нашъамандӣ иштирок доштанд.
Чорабиниро Амрулло Нурализода кушода, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва қайд намуд, ки бемории ВНМО/СПИД ин вирусест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва давои ин бемориро то ҳол дар ягон мамлакати рӯйи дунё наёфтаанд ва шахсе, ки ба ин беморӣ дучор мешавад, пеш аз ҳама, иммунитети он заиф шуда, қобилияти муҳофизаткуниаш суст мешавад. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки миллионҳо нафар аҳолии рӯйи замин аз ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд ва миллионҳо нафар ба ин вирус сироят меёбанд.
Сипас Раҳмонова Робия – мутасаддии барномаи мубориза алайҳи ВНМО/СПИД баромад карда, қайд намуд, ки инфексияи вируси норасоии масунияти одам ВНМО ва гепатитҳои В ва С инфексияҳое мебошанд, ки ҳам бо алоқаи ҷинсӣ сироят мешаванд ва ҳам аз хун ба хун мегузаранд. Аз ин рӯ, барои он ки аз сироят эмин монд бояд худро ҳимоя кард.
Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар то кунун беш аз 2 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Танҳо дар як соли гузашта 1 ҳазору 207 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ошкор шудааст.
Шумораи умумии гирифторони вируси норасоии масунияти бадан ВИЧ/СПИД наздики 8 ҳазорро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 5,220 нафарашон бо табобати зидди ретровирусӣ фаро гирифта шудаанд.
Баъдан Исматуллоев С. оид ба нишонаҳои биологӣ ва рӯҳии вобастагии маводи мухаддирро дар организми инсон маълумоти мушаххас дода, ба донишҷӯён иттилоъ дод, ки вақте инсон ба ин беморӣ дучор мешавад, ҳамеша дар фикри дарёфти он аст.
Дар охир, ҳамшираи тиббии донишгоҳ Меҳрона Ҳокимова баромад карда, дар бораи ин беморӣ каме маълумот дода, қайд намуд, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи он аст. Бинобар ин дар бораи роҳҳои гузариши ин беморӣ маълумоти кофӣ доштан ва роҳҳои пешгирии онро истифода бурдан шахсро аз мубталошавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ медорад, яъне пешгирӣ аз муолиҷа осонтар аст.
Дар охир дар байни донишҷуён оид ба ин беморӣ викторина гузаронида шуд. Барои ба саволҳо ҷавоби дуруст додан ба онҳо туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Абдуғафорзода Ф., сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон