Хабарҳо
Технологияҳои иттилоотӣ дар идоракунии иқтисодиёт
Санаи 29-уми ноябри соли равон дар донишгоҳ бо ибтикори кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши технологияҳои иттилоотӣ дар такмили идоракунии давлатии иқтисодиёт» доир гардид.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Баҳром Сафаров чорабиниро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият ба комёбиҳои беназир ноил гаштааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола таъкид намуданд, ки моро лозим аст бо истифодаи васеъ аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ивазкунандаи воридотро зиёд карда, талаботи бозорро бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ таъмин намоем ва ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
Сипас Бобохонов Раҷабалӣ – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, коршиноси соҳа зимни баромад дар мавзӯи «Ташаккул ва амалигардонии ҳукумати электронӣ тақозои замон” қайд кард, ки ҳукумати электронӣ ин истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини шаҳрвандон ба иттилои эътимоднок, созмони имкониятҳои нави алоқамандии байниҳамдигарии мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо аҳолӣ, соҳибкорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ мебошад.
Ҳабибуллоев Ҳ.Х, дотсенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим” маърӯза намуда, қайд кард, ки бо тақозои истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа, аз ҷумла раванди таълимро фаро гирифтааст.
Пас аз баромадҳо саволу ҷавоб ва музокирот сурат гирифт.