Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мушкилоти омӯзиши забони англисӣ

Мушкилоти омӯзиши забони англисӣ

Дар замони ҷаҳонишавӣ инкишофи илму техника ва технологияҳои рақамӣ ва донистану омӯхтани забони англисӣ шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ҳоло дар омӯзиши англисӣ донишҷӯён ба мушкилити зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Вобаста ба ҳалли ин мушкилот санаи 30 ноябр дар кафедраи забонҳои хориҷӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. 
Дар семинар Жасмина Холова ва Робия Саидҳасанова, донишҷӯёни курси 1, ихтисоси иқтисоди байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилилӣ дар мавзӯи «Барои чӣ дар Тоҷикистон забони англисиро меомӯзанд?» баромад намуданд. Донишҷӯён аз имкониятҳои мавҷудаи омӯзиши забони англисӣ дар ҷумҳурӣ, роҳҳои муфиди он ва истифодаи усулҳои муосири азхудкунии забонро ироа намуда, донистани луғати англисиро шарти асосии омӯхтани он донистанд. 
Инчунин донишҷӯён роҳҳои истифодаи маводи аудиовизуалӣ ва роликҳои сабтиро дар омӯзиши забони англисӣ муфид дониста, гӯш карди мусиқиҳои забонро роҳи дигари зуд азхудкунӣ арзёбӣ карданд. Вобаста ба ин дар анҷоми семинар байни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода