Хабарҳо
Таҳлили омории раванди демографии Тоҷикистон
Таҳти ин мавзӯъ санаи 30 ноябри соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар он дотсент Мастура Буриева дар мавзӯи «Таҳлили омории равандҳои демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, оид ба баланд бардоштани вазъи некуаҳволии халқ, пеш аз ҳама, шумора ва динамикаи аҳолӣ, хусусиятҳои таркиб ва таҷдиди аҳолӣ, равандҳои асосӣ, қонуниятҳо ва мухталифоти марзии демографӣ маълумот дода шуд.
Инчунин таъкид карда шуд, ки мутобиқ ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Барои ноилшавӣ ба он ҳадафҳои зерини Стратегияи рушд барои 15 соли оянда муайян шудааст:
1. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ;
2. Аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;
3. Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;
4. Вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул.
Дар баробари ин дар равзанаи имкониятҳои демографӣ пешбинӣ гардидааст, ки то соли 2030 аҳолии Тоҷикистон бемайлон афзоиш ёфта, ба 11,5 миллион нафар хоҳад расид. Шумораи аксарияти аҳолӣ (тақрибан 60%) аҳолии қобили меҳнат, аз 15 то 64-соларо ташкил хоҳад дод, онҳо пешбарандаи рушди иқтисодӣ дар ҳолати таъмин гардидани иқтидори баланди касбии меҳнатӣ мегардад.
«Равзанаи демографӣ» ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ба сатҳи некуаҳволӣ ва имкониятҳои оилаҳои мушаххас таъсири мусбат мерасонад.
Н.Раҳимзода