Хабарҳо
Аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ
1 декабри соли равон курси навбатии такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он ба мавзӯи «Тартиби гузаронидани аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ» бахшида шуда буд. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, директори ҶДММ «Шарқ-Аудит» Асадулло Исматов доир ба ин мавзӯъ баромад кард. Сараввал А. Нурализода, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ сухан карда, гуфт, ки масъалаи аудити дохилӣ яке аз масъалаҳои муҳими танзими буҷети кишвар мебошад ва барои шаффофияти истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва сиёсати молиявӣ мусоидат менамояд.
А. Исматов дар баромади худ доир ба асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ, стандартҳо ва консепсияҳои аудити дохилӣ ва нақши он иттилоъ дод. Зикр гашт, ки аудити дохилӣ фаъолият барои додани кафолати мустақилу воқеӣ ва машваратдиҳӣ мебошад. Он барои танзими кори ташкилоту муассисаҳо равона гашта, барои ноил шудан ҷиҳати ҳадафҳои дар пеш гузошташуда кумак мерасонад.
Дар фарҷоми курси омӯзишӣ мисли ҳарвақта миёни шунавандагони он ва коршиносону маърузачӣ музокираҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода