Хабарҳо
Аҳамияти иқтисодии биржаи Осиёи Марказӣ
Дар санаи 30.11.2018 бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз дар доираи нақшаи чорабиниҳои илмӣ дар байни донишҷӯёни хобгоҳҳои донишгоҳ дар толори бинои №2 маҳфили илмӣ гузаронида шуд. Дар он ассистенти кафедраи фаъолияти биржавӣ Ҷовид Боймуродов дар мавзӯи “Аҳамияти иқтисодии биржаи Осиёи Марказӣ” суханронӣ намуда, диққати донишҷӯёнро ба мавзӯи мубрам ҷалб намуд. Мавсуф дар баромади худ дар бораи Биржаи Осиёи Марказӣ ҳамчун институти молиявӣ, самтҳои фаъолияти он, бартарият ва саҳми он дар ташаккули заминаҳои хариду фурӯши коғазҳои қиматнок, диверсификатсияи коғазҳои қиматнок, имтиёз ва афзалиятҳои биржа дар муносибатҳои иқтисодӣ, механизмҳои фаъолияти дилер, брокер ва маклерон дар биржа ва дигар паҳлуҳои муҳими Биржаи Осиёи Марказӣ андешаронӣ намуд ва ба саволҳои сершумори донишҷӯён посухҳои мушаххас дод.
Боиси тазаккур аст, ки раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи донишгоҳ, аз он ҷумла факултетҳо, мунтазам чунин маҳфилу семинарҳои илмиро роҳандозӣ намуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Баргузор намудани чунин семинару маҳфилҳои илмӣ дар байни донишҷӯёни хобгоҳҳо ҳамчун ғизои маънавӣ дар раванди донишомӯзии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Саидхуҷа Махшулов, муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз