Хабарҳо
Дар тарбияи толибилмон бемасъулият набошем!
Баҳри баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва шиносоӣ бо сатҳу сифати таълим ва тарбия дар донишгоҳ санаи 1-уми декабри соли ҷорӣ вохӯрии садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо волидайни донишҷӯёни факултет сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои аввалиндараҷа: иштирок ва давомот, риояи талаботи низомномаи донишгоҳ, сатҳи тарбия ва саводнокӣ, риояи талаботи либоси тавсиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қутбиддин Муқимов, декани факулта зимни суханрониаш ба волидайни донишҷӯён таъкидҳои ҷиддӣ намуда, иброз дошт, ки имрӯз барои ба таҳсил фаро гирифтани донишҷӯён ДДМИТ тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, аммо аз толибилмон танҳо риояи талаботи умумӣ, интизоми намунавӣ ва фаъол будан дар дарсҳо талаб карда мешавад. Имрӯз шароите, ки давлату ҳукумат бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон ва донишҷӯёни кишвар фароҳам овардааст, онро қадрдорӣ карда, фарзандонро дар беҳтарин рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намуда, назорат барем ва дар таълиму тарбияашон бетараф набошем.
Дар идома Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ баромад карда, дар мавриди сару либоси донишҷӯдухтарон истода гузашт ва таъкид кард, ки духтарон бояд либоси тавсиявиро ба бар намуда, дар тарғиби либоси миллии тоҷикона саҳм гузоранд ва муаррифгари фарҳанги миллӣ бошанд.
Сипас Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбия баромад карда, доир ба вазъи давомоти донишҷӯён ва ба дарсҳои баъзе вақтҳо дермонии онҳо гуфта гузашт ва аз волидон хоҳиш намуд, ки бадарсоии фарзандонашонро назорат баранд. Инчунин дар мавриди гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ изҳори андеша намуда, гуфт, ки донишҷӯён вақтҳои холигии худро беҳуда сарф накунанд ва аз шабакаҳои иҷтимоии Интернет танҳо барои донишандӯзӣ истифода баранд, ҳушёру зирак бошанд ва дар мавриди ҳушёрии сиёсии онҳо маслиҳату ҳамдастии волидону ва кураторони гурӯҳ муҳим аст, гуфт дар охир Ҷумаев И.
Дар ҷамъбаст Қутбиддин Муқимов ба волидайни донишҷӯён вобаста ба роҳ мондани ҳамкории пайваста байни донишгоҳ ва факулта пешниҳодҳои судманд кард.
Исматулло Ҷумаев, эдвайзер оид ба тарбия