Хабарҳо
Ба аспирантону унвонҷӯён тавсияҳо дода шуд
Рӯзи 1 декабри соли равон Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илми донишгоҳ бо аспирантону унвонҷӯёни таълимгоҳ вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ Б.Сафаров дар мавриди фаъолияти илмии аспирантону унвонҷӯён истода гузашта, вазъи раванди корҳои илмии аксариятро қаноатбахш арзёбӣ кард. Вале дар баробари ин таъкид гардид, ки барои фаъолтар гардонидани ҷараёни корҳо олимони оянда бояд бештар бо роҳбарони илмии худ кор баранд, аз рӯи нақшаи инфиродии худ корро пеш бурда, дар таҳия ва чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, иншои мақолаҳои оммавӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ фаъол бошанд, дар конференсияҳои илмию назариявии донишгоҳӣ ва берун аз он бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кунанд.
Сафаров Б. махсус таъкид кард, ки иштирок дар конфронсу маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани савияи дониши олимони ҷавон ва малакаи сухангӯии эшон мусоидат менамояд.
Дар охир ба ҳамаи аспирантону унвонҷӯён барои пешбурди муваффақонаи кори илмӣ тавсияҳои судманд дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 59 нафар унвонҷӯ, 43 нафар доктор аз рӯи ихтисос PhD ва 41 нафар аспирант таҳсил менамоянд.
Зарагул Алиева, мутахассиси шуъбаи омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ