Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Хатарҳои кибертаҳдидии асри технология

Хатарҳои кибертаҳдидии асри технология

Истифода аз фишангҳои самараноки ҳамоҳангии интиқоли маълумотҳо, хабарҳои аслӣ ва нигоҳдории онҳо дар мавриди таъйинот гирифтан, пешбурди иқтисодиётро шароит фароҳам оварда, донишандузӣ ва дарёфти роҳҳои рушди бе фасод ва таҳдидро дар мадди аввал ба миён овардааст. Новобаста аз бархӯриди назарҳои гуногуннизоми иттилоотӣ, бо мурури замон истифодаи усулҳои нави ҳифзи маълумот омили таъсирбахши рушди босифати молия ва иқтисод мебошад. Вобаста ба мавзӯъ санаи 1-уми декабри соли равон маҳфили илмӣ-амалии «Коршиноси иқтисодӣ»- ДДМИТ баргузор гардид. 
Баҳром Сафаров муовини ректор оид ба илм дар оғози маҳфил зимни суханронӣ намуда, вобаста ба таҳдидҳои нав ва мушкилоти пешгирӣ ва ҳалли онҳо нуктаҳо иброз дошт. Б. Сафаров таъкид дошт, ки имрӯз ҷаҳонро таҳдидҳое наве фаро гирифтаанд, ки ба як ҳамалаи киберинтернетиашон метавонанд миллионҳо зарари молӣ ба ин ё он ширкат ва корхона расонанд. Дастрасӣ ба шабакаи интернет хатари асосии ба ҳамлаҳои кибернетикӣ дучор шудан аст. Имрӯз киберҳамлаҳо, ҳатто ба кишварҳои абарқудраттарини ҷаҳон низ таҳдид ва ҳамла мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. 
Пас аз он дотсент Темурбекова С.Д дар мавзӯи «Кибертадидҳо, киберҷиноятҳо ва киберамният: ҷанбаҳои техникӣ ва иқтисодӣ» баромад намуд. С.Темурбекова оид ба истилоҳи киберҷиноят маълумот дода, таъкид дошт, ки дар асоси ризоияти тавсиядиҳандагони СММ истилоҳи киберҷиноят ин тамоми ҷиноятҳое, ки дар асоси системаҳои комптерӣ ё шабака ба амал меояд, ҳисобида мешавад. Ҷиноят дар кибермуҳит ба амал омада, ин муқобили қонун амал намудан ба кори компютер, барномаҳои компютерӣ, шабакаҳои компютерӣ, дигаргунсозии маълумотҳои компютерӣ, инчунин муқобили қонуни хавфноки ҷомеа, ки тавассути компютер, шабакаҳои компютерӣ ва барномаҳо мебошад. Имрӯзҳо киберҷиноятҳои техникӣ аз ҷиноятҳои дигар хатарноктар ҳастанд, ки тариқи электронӣ ба роҳ монда мешаванд. 
Дар идомаи маҳфил мутахассиси шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломи М.Т дар мавзӯи «Масъалаҳои бехатарии иттилоотӣ дар ҷомеаи иттилоотии муосир» баромад намуда, вобаста ба мушкилотҳои ҷойдоштаи фазои иттилоотӣ дар замони муосир сухан ронд. 
Дар хотима байни баромадкунандагону иштирокчиён музокираҳо сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода