Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рисолаи унвонҷӯ муҳокима шуд

Рисолаи унвонҷӯ муҳокима шуд

Ҷаласаи навбатии кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ рӯзи 4 декабри соли равон бо пешдифои рисолаи номзадии ассистенти кафедра Сурайё Холматова баргузор гардид. Рисолаи илмии муҳокимашаванда дар мавзӯи «Рушди тиҷорати электронӣ ҳамчун омили паст намудани хароҷоти трансаксионӣ (дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)» бахшида шудааст. Дар он роҳбари илмии С. Холматова номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҳматулло Мирбобоев ва профессорону дотсентон ва олимони соҳа иштирок доштанд. 
Ҷаласа бо баён намудани нуқтаҳои асосии рисола ва дастовардҳои муаллиф зимни таҳқиқи илмӣ аз ҷониби С. Холматова гуфта шуд. Номбурда зимни баромад таъкид дошт, ки дар шароити муосир вобаста ба тағйирёбии ғайричашмдошти вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба суръати рушди иқтисодии корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ ҳалли масъалаҳои кам намудани хароҷотро тақозо менамояд. Барои корхонаю ташкилотҳои ватанӣ мушкилоти паст намудани хароҷоти трансаксионӣ дар амалиётҳои савдои беруна баробари масъалаҳои муҳими фаъолияти онҳо мебошад. Барои ҳамин вобаста ба талаботу шароитҳои муносибатҳои иқтисодӣ, идоракунӣ, муайянсозӣ ва ҷустуҷӯи роҳу усулҳои муфиди паст намудани хароҷоти трансаксионӣ таъминкунандаи рақобатпазирии корхонаю ташкилотҳои ватанӣ гардида, метавонад ба ҳадафҳои стратегии мамлакат заминаи асосӣ гузорад. 
Тиҷорати электронӣ барои иқтисодиёти рӯй ба инкишофдоштаи Тоҷикистон падидаи нав буда, барои мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон бошад, омили муҳими ба даст овардани рушди устувори иқтисодӣ мебошад. Қафомонии сатҳи технологии соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, зарурати васеъ намудани тадқиқотҳои илмиро тақозо намуда, барои кам намудани масрафоти фаъолияти истеҳсолӣ, бахусус паст намудани сатҳи хароҷоти трансаксионии онҳо омили муҳим шуда метавонад. 
Баромадкунанда, инчунин аз дастовардҳои илмиаш ёдовар шуда, бо овардани маълумотҳои оморӣ ва инфографикаҳо муҳокимаашро мукаммал кард. 
Пас аз баромад байни устодони соҳа ва унвонҷӯ саволу муҳокимаҳо сурат гирифт. 
Ёдовар бояд шуд, ки С. Холматова хатмкардаи факултети иқтисод ва идораи ДМТ буда, аз соли 2012 то ин ҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ фаъолият дорад. 


Н.Раҳимзода