Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии илмии муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои молиявӣ

Баррасии илмии муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои молиявӣ

Ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти молия рӯзи 7 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Муаммоҳои таъмини рақобатпазирии институтҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт” доир гардид. Дар он Сироҷиддин Икромӣ, н.и.и., муовини раиси Бонки миллии Точикистон, Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, Гулрухсор Хоҷаева, мутахассиси шуъбаи идоракунии буҷети мақомоти молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазиров Собирҷон, н.и.и., сардори шуъбаи рушди маъмурикунонии андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва сохтору ташкилотҳои дигар иштирок доштанд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм кушода, иброз дошт, ки мукаммалгардонии низом ва муносибатҳои молиявӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои калидӣ ва стратегӣ маҳсуб меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ташаккули низоми молияи давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ карда шудаанд, ки имрӯз дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар нақши муҳим доранд. Низоми идоракунии молиявӣ ин низоми устуворест, ки дар таъмини самаранокии сиёсати молиявӣ, аз он ҷумла сиёсати фискалӣ, назорати молиявии давлат, рушди бозори коғазҳои қиматнок, суғурта, дастгириҳои молиявии соҳибкорӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи мазкур хизмат менамояд. Ҳамчунин донистани қонуниятҳои инкишофи муносибатҳои молиявӣ имконият медиҳанд, ки дигаргуншавии онҳоро дар давраи муосир ва оянда пешгӯӣ намуда, муътадилии молиявиро дар кишварамон ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ таъмин намоем, гуфт Сафаров Б.
Баъдан Ҳоҷиева Г. баромад карда, ҳамагонро бо Рӯзи кормандони мақомоти молия табрик гуфт ва муътадилии молиявиро омили асосии устувории давлат номид. 
Дар идома Сироҷиддин Икромӣ дар мавзӯи “Рақобатпазирии ташкилотҳои қарзӣ дар шароити муосир” баромад карда, нишондиҳандаҳои асосии рақобатпазирии бонкҳоро дар кифоягии сармоя, пардохтпазирии бонкҳо, сифати дороиҳо, фоиданокии бонк, рушди шабакаҳои хизматрасониҳо (фарогирии молиявӣ), навъ, сифат ва нархи хизматрасонӣ, сатҳи боварии аҳолӣ, тахассуси кормандон, мувофиқатии сиёсати бонк бо манфиати муштариён, барномаҳои бонкӣ аз ширкатҳои бонуфуз ва фаъолияти шаффофи бонкҳо номид. 
Ҳамчунин Икромӣ С. барои таъмин ва идоракунии рақобатпазирӣ чанд пешниҳод кард, аз ҷумла пешниҳоди молу хизматрасониҳои нав, васеъ намудани иштироккунандагони низоми бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳо, беҳтар намудани идоракунии корпоративӣ ва монанди инҳо.
Корманди Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ Вазиров С. дар мавзӯи “Рушди инноватсионии маъмурикунонии андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда, мақсади рушди маъмурикунонии андозро дар осон кардани кори андозсупорандагон ва сарфаи вақт маънидод кард. Мавсуф ба воситаи слайдҳо сомонаи Кумитаи андозро, ки фаъол буда, ҳамаи амалиётҳои онлайнӣ тавассути он амалӣ карда мешаванд, муаррифӣ намуд, аз қабили пешниҳоди ҳисоботҳо, номнавис кардан барои қабул, онлайн-мушовир ва ғайра. Инчунин механизми пардохти андозҳоро бо истифодаи кортҳои бонкӣ шарҳ дода, бартарияти онро дар сарфаи вақт ва шаффофият маънидод кард.
Конфронс дар бахши молия ва қарз ва бахши масъалаҳои умумииқтисодӣ идома ёфта, дар он масъалаҳои нақши молия дар рушди иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самараноки механизмҳои молиявӣ дар танзими давлатии рушди бозори коғазҳои қиматнок, дигаргуншавии муносибатҳои молиявӣ ва таъсири он ба сиёсати муосири молиявии ҶТ, баҳогузории низоми андози миллӣ ва зарурати он дар шароити иқтисоди бозорӣ баррасӣ гардиданд.
Дар охир аз рӯи баромадҳо ба вазорату ташкилотҳои дахлдор таклифу пешниҳодҳои илман асоснок карда мешавад.


Машҳура Абдуллоева