Хабарҳо
Роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор
Рӯзи 7-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси садорати факултети иқтисод ва бизнес маҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил мутахассис аз кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, академик Ҷалил Пиризода дар мавзӯи «Роҳҳои ноил гаштан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд то давраи соли 2030» баромад намуд. Номбурда оид ба самтҳои рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, омилҳо ва самтҳои такмилдиҳии иқтисоди миллӣ ва зарурату ҳадафҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим маълумот дод.
Ҷ.Пиризода иброз дошт, ки ҳаҷми ММД-и кишвар дар соли 2017 зиёда аз 61 млрд сомониро ташкил додааст ва тибқи қабули «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» ду баробар зиёд шуда, ба ҳар сари аҳолӣ то ба 7 ҳазор доллари амрикоӣ рост меояд. Инчунин академик аз вазъ ва проблемаҳои демографии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҳамасола аҳолии кишвар на кам аз 200 ҳазор нафар зиёд мешавад. Агар аз соли 1991 то 2000 сол 900 ҳазор зиёд шуда бошад, пас аз 2012 то 2017 сол 1,1 миллион нафар зиёд гардидааст.
Академик Ҷалил Пиризода қайд намуд, ки имрӯз бо дастгирии Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ва инкишофи як қатор бахшҳои давлатӣ, аз ҷумла кишоварзию саноат, туризму хизматрасониҳо боло рафтааст, ки ин метавонад барои таъмини шуғли аҳолӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати некуаҳволии мардум таъсири мусбӣ расонанд. Дар поёни маҳфил байни маърӯзачӣ ва иштирокдорон саволу ҷавоб сурат гирифт.
Моҳрӯй Ормонова, муовини декан оид ба илми факултети иқтисод ва бизнес