Хабарҳо
Мушкилот дар низоми қарзӣ
Санаи 6 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз маҳфили илмии донишҷӯёни кафедра баргузор гардид. Дар маҳфили мазкур донишҷӯи курси 4 ихтисоси иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ М.Маҳмадов дар мавзӯи “Мушкилотҳои раванди қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ ва косташавии қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуд. Дар баромади худ М.Маҳмадов дар бораи мушкилотҳои раванди қарздиҳии бонкҳои тиҷоратӣ ва косташавии қобилияти пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, косташавии нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ, сабабҳо ва омилҳои таъсиррасонанда ба қобилияти пардохтпазирии бонкҳо, ҳолати воқеии мушкилотҳои қарзӣ, роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ намуд. Дар охири маҳфил саволу ҷавоб ва музокира байни устодон ва донишҷӯён сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки баргузор чунин як семинару маҳфилҳои илмӣ дар байни донишҷӯён барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо мусоидат менамояд.
Қаландар Сафаров Раиси МИД-кафедраи фаъолияти бонкӣ