Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Хитой

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Хитой

Баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён ва муайянкунии самтҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Хитой санаи 10 декабри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинари илмӣ-назариявӣ ва методии кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин» баргузор гардид. Дар семинар Комила Саидова, ассистенти ҳамин кафедра маърӯза намуда, ба ҳозирин вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ин ду кишвар ва дар кадом сатҳ қарор доштани онҳо маълумот дод. Номбурда зимни баромад таъкид дошт, ки муносибатҳои иқтисодӣ-тироҷоратии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин аз соли 1993 оғоз шудааст. Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯз ба яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон табдил ёфта, айни замон таҳвили мол ба Тоҷикистон аз Хитой ба воситаи ағбаи сарҳадии Кулма сурат мегирад. Мувофиқи нишондоди оморӣ ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Хитой дар соли 2017 ба 1,5 млрд доллар баробар аст. 
Дар идомаи семинар Сӯҳроб Бурҳонов, донишҷӯи курси 1, ихтисоси инвеститсияи байналхалқӣ оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои кишварҳои дӯсту ҳамсоя баромад намуда, нақши калидии сармоягузории Чинро дар иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ кард. 
Ногуфта намонад, ки имрӯз кишвари Чин бузургтарин сармоягузор ва содиркунандаи мол дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад. 
Дар ҷамъбаст музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода