Хабарҳо
Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия
Ҳамасола рӯзи 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар донишгоҳ чорабинии илмию маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ С.Ҳаитов, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ оид ба мавзӯи марбут баромад намуда, донишҷӯёнро ба мубориза бар зидди коррупсия ва роҳ надодан ба ин падидаи номатлуби замон даъват кард. Номбурда зимни баромад таъкид дошт, ки имрӯз коррупсия дар қатори зуҳуроти номатлуби дигар ба монанди қочоқи маводи мухаддир, нашъамандӣ ва бемории ВИЧ/СПИД ба ҷомеа таҳдид мекунад ва пешгирии он танҳо дар дасти худи мост, бинобар ин бояд дар муқовимат бо коррупсия бетараф набошем.
Инчунин зимни баргузории чорабинӣ Зоир Қодиров, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣмаърӯза намуда, иброз дошт, ки коррупсия – ин амали сӯиистифода аз мансаб бо майли тамаъҷӯӣ мебошад, ки манфиатҳои ҷомеаро маҳдуд месозад. Бинобар ин заминаҳои асосии муборизаи муваффақона бар зидди коррупсия ин мавҷудияти стандартҳои асосии демократӣ, ҷомеаи шаҳрвандии пурқувват ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари ташаббускор баҳри пешгирӣ ва муқовимат бар зидди коррупсия «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»- ро қабул кардааст.
Дар охир баҳри пешгирӣ ва муқовимати муваффақона бар зидди коррупсия ба донишҷӯён тавсияву пешниҳодҳо дода шуд.
Н.Раҳимзода