Хабарҳо
Ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои Ӯзбекистон мустаҳкам мегардад
Баҳри рушди ҳамкорӣ ва мустаҳкамгардонии ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин навбат Илмиддин Ёрматов, декани факултети идоракунӣ дар истеҳсолоти Донишкадаи политехникии Фарғона ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф овард.
Илмиддин Ёрматов барои барқароркунии ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ дар самти илм ва таълим, мубодилаи таҷриба ба ДДМИТ омадааст ва вобаста ба ин бо Нурализода А., муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ вохӯрӣ анҷом дод. Зимни суҳбат имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ногуфта намонад, ки ҳамкории ДДМИТ дар соҳаи маориф ва илм ва татбиқи барномаи мубодилаи омӯзгорон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯз то рӯз мустаҳкам ва барқарор шуда истодааст.
Н.Раҳимзода