Хабарҳо
Баҳси илмӣ оид ба ташаккули модели сармоягузории рушди кишвар
Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 14 декабри соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷменти молиявӣ ва Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и ДДМИТ конференсияи илмию назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели инвеститсионии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар он намояндагон ва коршиносони соҳа аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия кушода, иброз дошт, ки ташаккули рушди сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, рушди иқтисодиёт бе сармоя ғайриимкон аст. Вале аз таҳлилҳо бармеояд, ки рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон бе сармоягузорӣ сурат мегирад. Соли 2017 ҳаҷми сармоягузорӣ дар таркиби ММД 16 фоизро ташкил намудааст. Бояд гуфт, ки нақши сармоягузорӣ дар рушди ММД бояд назаррас бошад.
- Маҳз ҳамин масъала дар конфронси имрӯза баррасӣ мегардад ва барои ҷалби сармоягузориҳо чандин пешниҳоду таклифҳои илман асоснок карда мешаванд, гуфт дар охир Сафаров Б.
Сипас Сигитас Бразинскас, коршиноси калони муассисаи таълимии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба «Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти идоракунии молия давлатӣ (ИДМ): Лот1» дар мавзӯи «Ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ: нақш ва чораҳо оид ба рушд ва пешравӣ» баромад кард.
Гуфта шуд, ки барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ чораҳо оид ба рушд, ба мисли муҳити тиҷоратии мусоид, сатҳи навгониҳои илмию техникӣ ва инноватсияҳо, инфрасохтори мутобиқ, рушди шабакаҳои минтақавӣ мусоидат мекунанд. Ба чораҳо барои пешравӣ бошад, сохторҳои давлатӣ бо функсияҳои пешравӣ, маркетинги рақамӣ, гузаронидани конфронсу форумҳо ва амалинамоии стратегияҳои бахшҳо ва минтақаҳо дохил мешаванд ва татбиқи ин амалҳо дар ҷалби сармоягузорони хориҷӣ нақши муҳим доранд.
Баъдан Хуршед Ҷумабоев, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»и ДДМИТ дар мавзӯи «Такмили низоми андози миллӣ ва зарурати он дар шароити иқтисоди бозорӣ» баромад карда, барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ такмил додани баъзе моддаҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд. Аз ҷумла дар мавриди уҳдадории аз ҳад баланди андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми амалигардонии фаъолияти хайриявӣ, инчунин муқаррар нагардидани муҳлати пешниҳоди санади муқоисавӣ дар қонунгузории андоз, ки дар ҳолати набудани санади мураттабшуда санксияҳои ҷаримавӣ татбиқ карда мешаванд. Номуайянӣ дар муҳлати тартибдиҳии санади муқоисавӣ бо мақомоти андоз ба амалҳои худсаронаи кормандони андоз мусоидат менамояд, ки барои пешгирии он чанд пешниҳоди судманд карда шуд.
Дар муҳокимаи маърӯзаҳо Содиқов М., Солиев Н.Н., Давлатов Х., Садриддинов М. баромад карда, устувории ислоҳоти институтсионалӣ, омодасозии кадрҳои ихтисосманд, сохтмони НБО-ҳо ва роҳҳо, такмили қонунгузории андозбандӣ ва муҳайёсозии шароити мусоид барои фазои сармоягузориро омилҳои муҳими тақвиятбахши ҷалби сармоягузориҳо номиданд.
Баъди нисфирӯзӣ конфронс дар ду бахш: сармоягузорӣ ва рушди низоми иқтисодӣ ва бахши молия ва ташаккули заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ идома дошт. Баромадкунандагон доир ба масъалаҳои самаранокии истифодаи сармоягузориҳои хориҷӣ, нақши сармоягузориҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, ташаккул ва таъмини шароитҳои сармоягузории хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои илмӣ карданд.
Дар охир ба вазорату идораҳои марбута хулоса ва пешниҳодҳои илман асоснок карда шуд.
Машҳура Абдуллоева