Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Усули пардохти аннуитетӣ дар ҳисоббарориҳои бонкӣ

Усули пардохти аннуитетӣ дар ҳисоббарориҳои бонкӣ

Рӯзи 13 декабри соли равон дар кафедраи математикаи олӣ зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид, ки дар он хусусиятҳои усули аннуитетӣ, истифодабарии нобаробарии Леверич барои ҳисобкунии қобилияти қарзгирӣ, инчунин заминаҳои илмию омӯзишии роҳҳои бартараф кардани мушкилиҳои он муҳокима гардид. 
Нахуст профессори кафедра Р. Раҳимов зермаҳфилро оғоз бахшида, ин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос овард: «Дар ҷараёни навсозӣ бояд ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим буда, вусъат ёфтани тафаккури техникиву ҷаҳонбинии истеҳсолӣ шарти зарурии рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисоди миллӣ мебошад». 
Мавсуф дар идомаи маҳфил зикр намуд, ки барои додани қарз (кредит)-и бонкӣ асосан ду намуди усули пардохт - аннуитетӣ ва дифференсиронӣ татбиқ карда шудааст. Аксарияти бонкҳои кишварҳо, аз ҷумла бонкҳои Тоҷикистон усули аннуитетиро ба таври васеъ истифода мебаранд. 
Баъдан, муаллими калон А. Кабиров дар мавзӯи “Усулҳои пардохти аннуитетӣ дар амалиётҳои бонкӣ” баромад намуда, афзуд, ки хусусияти усули аннуитетӣ аз он иборат аст, ки дар тамоми муҳлати қарз ҳар моҳ ҳиссаи баробари маблағ, ки аз n як ҳиссаи қарз ва фоизи моҳонаро дар бар мегирад, пардохт карда мешавад. Ин усул барои қарзгиранда хеле қуллай аст, чунки ӯ ба қобилияти қарзгириаш пешакӣ баҳо дода метавонад. Аммо ин усули пардохт ҷиҳатҳои манфӣ низ дорад. Пешпардохти калони қарзӣ нисбат ба усули дифференсиронӣ ва номувофиқии қарздиҳии пурра баъди нисфи муҳлати қарз мисоли он шуда метавонанд. 
Пас аз баромади маърӯзакунанда саволу ҷавоб ва музокира сурат гирифт. 


Фарзона Ашурова