Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сухан аз маърифатбахшӣ дар вохӯрӣ бо кормандони ВКД

Сухан аз маърифатбахшӣ дар вохӯрӣ бо кормандони ВКД

Рӯзи 17-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор бо роҳбарияти ин донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон, ба роҳи рост раҳнамун сохтани онҳо ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву ватандӯстии донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Нахуст, ректори ин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ мақсади баргузории вохӯрии мазкурро вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон, бахусус донишҷӯён, ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд. 
Номбурда дар тақвияти суханони хеш изҳор дошт, ки «имрӯзҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот тамоми неруву қувваи хешро истифода мебаранд, то ки тартибот ҷорӣ ва оромиву осоиштагии мардум таъмин бошад. Бахусус, малакаи баланди касбии кормандони милитсия имкон медиҳад, ки дар ошкору пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ пешсаф бошанд. Бо хизмати софдилонаву содиқонаи кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳеҷ як ҷинояткор аз мадди назар пинҳон намонда, содиркунандагони амали нангину ношоиста барои кирдори разилонаашон ҳатман дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Бадхоҳон ба мақсадҳои нопоки худ намерасанд. Зеро маҳз ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, бетараф набудан дар ҷомеа ва саҳмгузорӣ баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамзамон Савганди ёднамудаи кормандони милитсия намегузорад, ки ҳуқуқвайронкунандагону ҷинояткорон беҷазо монанд. 
Vohr4001.jpgСардори ХПҲНҶ полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода зимни суханронии хеш зикр намуд, ки муоширату муносибат, рафтору гуфтор ва амалу кирдори наврасону ҷавонон сол то сол мураккаб гардида, дар назди сохторҳои марбута вазифа мегузорад, ки вобаста ба ин тадбирҳои зарурию судманд андешанд. 
- Имрӯз ба кору фаъолият, мавқеъ ва саҳми ҷавонон дар рушду инкишофи ҷомеа назар карда, моро ҳисси рӯҳбаландӣ ва ифтихор фаро мегирад, ки ин неруи созандаву бунёдкори кишвар метавонанд барои ободию пешрафти мамлакат корҳои бузургро анҷом диҳанд, - илова намуд номбурда. 
Дар партави сиёсати хирадмандони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, садоқат ба ватану миллат ва дар ин раванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, ки тақдири давлату миллат ва дурнамои Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши онҳо вогузор карда шудааст, басо муҳим мебошад. 
Ба андешаи Абдусаттор Фаттозода, имсол соли таърихӣ буд, зеро эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду неру, илму дониш, омӯхтани таҷрибаи пешқадам, тайёр намудани мутахассисони ҷавон, инчунин дар самти тарбияи наврасону ноболиғон, ки онҳо ҳамчун бунёдгузор ва ояндасози ҷомеаи фардо ба ҳисоб мераванд, тақозо намуд, ки барои тарбияи насли наврас бетараф набошем. 
Ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва дар рӯҳияи миллатдӯстиву ватанпарастӣ тарбия кардани насли ҷавон имкон медиҳад, ки мо дар ҷомеаи солим, мутарраққӣ ва дунявӣ кору зиндагӣ кунем. 
Мавсуф дар интиҳои баромади худ устодон ва донишҷӯёнро ба фарорасии Соли нави мелодии 2019 табрику таҳният намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки «Шумо аз ин вохӯрӣ ба худ манфиате бардошта, кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки бо донишу маърифат ва ақлу заковат саҳми арзандаи худро дар пешрафти ҷомеа гузоред». 
Дар интиҳои вохӯрии мазкур аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои ҳамкориҳои судманд ва мутақобила бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандорӣ тарбия намудани ҷавонон ба ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сипосномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ тақдим гардид. 


Наврӯз Ҷобиров