Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи ҳисоботҳои илмӣ

Муҳокимаи ҳисоботҳои илмӣ

Пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти устодон ба ҳисоб рафта, он нишондиҳандаи асосӣ ба шумор меравад. Вобаста ба нишондиҳандаҳои корҳои илмию тадқиқотии устодону профессорон аз санаи 12 то 19 декабр раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ аз раёсати факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳисоботи солона мегирад. 
Дар ҳисоботҳо вазъи корҳои илмию тадқиқотии омӯзгорон, самти корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои нақшаи нашри китобҳои дарсӣ, монографияҳо, васоити таълимӣ, дастури методӣ, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, аз қабили конфронсу мизҳои мудаввар, семинар ва маҳфилҳо, дифои муваффақонаи рисолаҳои номзадӣ ва афзудани теъдоди устодони унвонҳои илмидор баррасӣ гардид. 
Аз тарафи Сафаров Б.Г., муовини ректор оид ба илм ва Хоҷаев Д., сардори раёсати илм ва инноватсия ба масъулин барои беҳтар кардани вазъи корҳои илмию тадқиқотӣ тавсияю пешниҳодҳо ва ҷиҳати зери назорати қатъӣ гирифтани иҷрои корҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дода шуд. Масъулин барои пешбурди муваффақонаи фаъолият дар тамоми самтҳои корҳои илмию тадқиқотӣ муваззаф гардонида шуданд. 


Абдуллоева М.