Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Имтиёз ва тамоюлҳои муосири андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имтиёз ва тамоюлҳои муосири андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 19-уми декабри соли 2018 дар факултети иқтисод ва бизнес маҳфили навбатии кафедраи андоз ва андозбандӣ баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ Хизралӣ Ҳасанов дар мавзӯи «Гаронии андоз ва тамоюли он дар шароити баамалбарории сиёсати муосири андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Исмоил Бегматов дар мавзӯи «Имтиёзҳои андозии андоз аз фоида дар сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. 
Донишҷӯён зимни баромад таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ҷиҳати татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамгироии бештар ба иқтисодиёти ҷаҳон талош меварзад. Дар ин замина, бомаром ҷараён гирифтани ислоҳоти иқтисодӣ, бахусус дар самти рушди соҳибкорӣ, беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ, такмили қонунгузории андоз ва гумрук, таҳкими бахши идораи давлатӣ аз ҷумлаи ин дастовардҳо маҳсуб мешаванд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот мекунад, ки аксари мамлакатҳо бо пешниҳоди меъёрҳои имтиёзноки андозбандӣ аз сармояҳои хориҷӣ васеъ истифода мебаранд ва онҳо сабаби асосии болоравии иқтисодиёти он мамлакатҳо гардидааст. 
Инчунин, сармояҳои хориҷӣ хеле васеъ паҳн шуда бошад, метавонанд баъзе соҳаҳои иқтисодиётро аз назорати миллӣ дур намоянд. Аммо гаронии андоз нишон медиҳад, ки кадом қисми даромади андозсупорандагон ба буҷети давлат дар шакли андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ворид мегардад ва кадом қисми даромад дар ихтиёри андозсупорандагон ҳамчун даромади холис боқӣ мемонад. Гаронии андоз, бешубҳа, ба манфиатҳои иқтисодии андозсупорандагон ва давлат таъсир мерасонад. Инчунин дигар ҷонибҳои мавзӯъ дар ҷамъбаст мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 


Н.Раҳимзода