Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сафи номзадони илм ба ду нафар афзуд

Сафи номзадони илм ба ду нафар афзуд

Боиси хурсандист, ки сол то сол шумораи устодони унвондор дар донишгоҳ меафзояд. Соли 2018 низ барои устодони донишгоҳ дар самти иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ соли пурбарор буд, зеро дар ин давра шумораи зиёди аспирантону унвонҷӯён рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. 
Ин навбат санаи 14-уми декабр Қодирова Бунавшамоҳ Азизуллоевна, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ ва муаллими калони кафедраи забони русӣ ва Воҳидов Умар Маҳмадиевич, муаллими калони кафедраи кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ рисолаи номзадиашонро ҳимоя карданд. 
Унвонҷӯён, Бунавшамоҳ Қодирова дар Шӯрои диссертатсионии 6D КОА-036 назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди рағбати донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олии иқтисодии Тоҷикистон ба омӯзиши забони русӣ» (роҳбари илмӣ марҳум Қодиров Қодир Бозорович, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) ва Умар Воҳидов дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Такмили усулҳои идоракунии гаронии андоз дар самти субъектҳои хоҷагидорӣ (дар мисоли корхонаҳои хурди Тоҷикистон)» (роҳбарони илмӣ: Мирзоахмедов Фахриддин, доктори илмҳои техникӣ, профессор ва Маъдиев Саъдихоҷа, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент) бо муваффақият рисолаи номзадиашонро дифоъ карданд. 


Мо Бунавшамоҳ Қодирова ва Умар Воҳидовро бо ин дастоварди беназир муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию педагогиашон комёбиҳову бурдбориҳои навинро таманно дорем.