Хабарҳо
Насриддин - ғолиби сабқатҳои ҷаҳонӣ
Соли 2018-ро варзишгарони тоҷик бомуваффақият ҷамъбаст намуданд. Бо шарофати ин ватандӯстони асил чандин маротиба номи Тоҷикистон ва Суруди миллии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ садо дода, Парчами давлатӣ партавфишон гардидааст.
Яке аз донишҷӯёни фаъол ва варзишгари комёб, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Насриддин Шамсов мебошад, ки соли равон дар баробари иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, дар сабқатҳои ҷаҳонӣ низ фаъолона ширкат варзида, соҳиби муваффақиятҳои назаррас гардид.
Варзиш барои Насриддин маънии зиндагиаш гардида, ӯ бидуни тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан ҳаёти хешро тасаввур карда наметавонад. Зеро пайроҳаи падар ӯро дилбохтаи варзиш кардааст. Падараш собиқадори варзиш Самардин Шамсов солҳо дар риштаи муҳорибаи дастӣ дар мусобиқаҳо ғолибият ба даст оварда, фарзандонро низ ба ин пеша раҳнамун сохтааст.
Қаҳрамони матлаби мо бошад, аз синни 8-солагӣ ба гӯштини миллӣ, самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаи омехта машғул шуда, акнун парчамбардори кишвар гардидааст. Насриддин дорои 6 унвони номзад ба устоди варзиш аз намудҳои гуногуни варзиш - самбо, гӯштини миллӣ, дзюдо, кикбоксинг, бокс ва самбои муҳорибавӣ, ҳамзамон Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тавре ишора кардем, соли 2018 барои Насриддин соли музаффариятҳо буд, зеро ӯ дар се сабқати байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардидааст. Аз ҷумла, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбои муҳорибавӣ, ки аз 16-ум то 30-юми август дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қирғизистон байни 15 давлат доир гардид, ӯ дар вазни 80 кг. иштирок намуда, ҳарифони худро аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Белоруссия ва Қазоқистон мағлуб сохт. Ҳамин тавр, Насриддин дар «муҳорибаи олӣ» сазовори ҷойи якум гашта, ба ин муносибат медали тилло ва камарбанди NFC-ро ба даст овард.
Инчунин, ӯ дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг, ки аз 25-уми октябр то 10-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, мақоми аввалро ба даст оварда, соҳиби медали тилло ва камарбанди W.M.F. (MUAY THAI) гардид.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи дзюдо, ки моҳи сентябри соли равон дар Ҷумҳурии Туркия доир гардид, Насридин соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ шуд.
Устодонаш мураббиёни шинохтаи ҷумҳурӣ мебошанд, бахусус дар риштаи гӯштин Садриддин Обидов ва дар самбои муҳорибавӣ аз Сайидҷон Раҷабов нозукиҳову усулҳои ин намудҳои варзишро аз худ намудааст. Ӯ аз роҳбарияти донишгоҳ ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Музаффар Сафаров барои дастгириҳои пайваста миннатдор аст. Ҳоло баробари таҳсили хубу аъло, дар Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ ба машқу тамрин машғул аст ва ният дорад, ки минбаъд низ дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, номбардори Ватани азизу маҳбуби хеш бошад.
Мо ба ӯ дар ин ҷода муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамоем.
Наврӯз Ҷобиров