Хабарҳо
Дипломи Телевизиони Тоҷикистон ба устоди ДДМИТ
Аз моҳи майи соли 2017 бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони Тоҷикистон барнома-озмуни интеллектуалии «Шоҳмот» байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад, ки дар он аз дастаи «Сулҳпарвар»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҷовид Боймуродов, ассистенти кафедраи фаъолияти биржавии факултети молия ва қарз иштирок дошт.
Дар давраи аввали озмун, ки рақобат байни чор ноҳияи шаҳри Душанбе: Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Сино сурат гирифт, дастаи «Сулҳпарвар» ғолиб омада, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт. Моҳи ноябри 2018 дар даври нимфиналӣ дастаи «Сулҳпарвар» бо дастаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон рақобат карда, пирӯзӣ ба даст овард ва ба даври финалӣ роҳ ёфт.
Дар финал, ки санаи 20 декабри соли равон баргузор гардид, дастаи «Сулҳпарвар» бо дастаи «Пайравон»-и Данғара рақобат карда, ҷойи дуюмро соҳиб шуд. Дар интиҳо, барои иштирок ва ғолибият дар барнома-озмуни интеллектуалии «Шоҳмот» Ҷовид Боймуродов бо Диплом сарфароз гардонида шуд.
Ногуфта намонад, ки ҷараёни барнома-озмуни интеллектуалии «Шоҳмот» тариқи шабакаи телевизиони Тоҷикистон пахш мегардад.
Н.Раҳимзода