Хабарҳо
Нақши суғурта дар рушди иқтисодиёт
Курси ҷамъбастии такмили ихтисос барои сардорону мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 декабри соли ҷорӣ дар ДДМИТ баргузор гардид. Дар курс Идрис Аминов, мушовири директори Ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи аввалияи миллӣ» дар мавзӯи «Нақши суғурта дар рушди иқтисодиёт» баромад намуда, ба иштирокчиёни курс оид ба вазъи суғуртавии ҷумҳурӣ, афзалият ва имкониятҳои мавҷудаи суғурта маълумот дод. Инчунин номбурда зимни баромад таъкид дошт, ки шахси суғурташаванда дар дилхоҳ вазъ ҳуқуқи истифодабарии маблағи суғурташудаашро дорад ва барои бозпас гирифтани он аз ӯ ягон санаде талаб карда намешавад.
Дар идомаи курс Саъдихоҷа Маъдиев, мудири кафедраи суғуртаи донишгоҳ дар мавзӯи «Фарҳанги суғурта барои танзими иқтисодиёти давлатӣ» баромад намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки ба роҳ мондани низоми суғурта дар дилхоҳ соҳаи фаъолияти ҷамиятӣ манфиатовар аст. Ин имкон медиҳад, ки шахсони суғурташаванда дар ташкилотҳои суғуртакунанда ҳаёти худ, манзил, нақлиёт ва молу амволашонро суғурта кунад ва дар ҳолатҳои фавқулода онро истифода барад. Ногуфта намонад, ки сол то сол низоми суғурта дар Тоҷикистон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, ки ин дар пешрафт ва рушди иқтисодиёт саҳми худро мегузорад.
Дар поёни курс байни иштирокчиён музокирот ва саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Н.Раҳимзода