Хабарҳо
Паёми табрикотии ректори ДДМИТ
Паёми табрикотии ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2019
УСТОДОН, КОРМАНДОН ВА ШОГИРДОНИ АЗИЗ!
Бо самимияти хоса омад-омади Соли нави 2019-ро бароятон табрику таҳният гуфта, орзуманди тансиҳатию хонаободӣ, оромиву осудагӣ, сарбаландӣ ва саодати доимии рӯзгори ҳар кадоми Шумо ҳастам.
Соле, ки сипарӣ гардид, барои мардуми шарафманди мо соли таърихию сарнавиштсоз буд. Бо роҳбарӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ пешравиҳо ба даст омаданд. Ин, қабл аз ҳама, пазируфта шудани ташаббуси навбатии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва оғози амалишавии он мебошад, ки эътибори Тоҷикистонро дар ҷаҳон болотар бурд.
Дар ин сол аз ҳама дастоварди муҳиму сарнавиштсоз ин ба истифода дода шудани агрегати якуми НБО-и Роғун аст, ки аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, барои амалигардии ҳадафҳои созанда созгор аст ва бозгӯи иттиҳоду ваҳдати комили мардуми кишвар маҳсуб меёбад.
Барои ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ низ соли 2018 соли бобарору хотирмон ва таърихӣ буд. Зеро дар ин сол Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мавқомашро дигар карда, ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд, ки ин дастоварди аз ҳама баландтарин аст. Ҳамчунин донишгоҳ чанд сол аст, ки дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мавқеъяшро нигоҳ медорад ва имсол низ сазовори ҷойи чорум гашт, ки ин барои таълимгоҳ мақоми баланд аст.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти сол як қатор донишҷӯёни фаъоли мо ғолиби озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ гардида, бо дониш ва лоиҳаҳои худ номи донишгоҳро баланд бардоштанд. Мусаллам аст, ки ҷамъбасти хубу сазовор бовариро ба ояндаи нек афзун намуда, барои фаъолияти пурсамари минбаъда қувваи тоза мебахшад. Маҳз неруи созандаву фаъолияти эҷодкоронаву ташаббускорона ва муносибати дилсӯзонаву содиқона, шавқу завқ ва рӯҳияи баланди устодон ва насли ҷавон дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва пешравии таълимгоҳ омили асосӣ маҳсуб мегардад ва дорои ин сифатҳо будани ҳар кадоми мо шарти зарурист.
Умедворем, ки соли 2019 низ барои мо соли фатҳу кушоиш ва соли ташаббусу муваффақиятҳои нав ба нав мегардад.
Бигзор, Соли нав соли бобарору накутарин бошад ва ба хонадони ҳар яки Шумо файзу баракат ва суботу хотирҷамъӣ оварад.
Соли наватон муборак!