Хабарҳо
Наврӯз Ҷобиров – ҷоизадори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва варзишгарон 27-уми декабр дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид. Ин маросим зери сарпарастии президенти Федератсияи футболи кишвар Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифта, дар он ҷавонон ва варзишгарони беҳтарини сол қадрдонӣ гардиданд.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов иштирок намуда, ҷавонону варзишгаронро барои соҳиб гардидан ба мақомҳои шоиста аз номи Президент ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Дар ин чорабинӣ 55 нафар беҳтаринҳо дар доираи “Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш” дар самти адабиёт, санъат, меъморӣ, рӯзноманигорӣ ва барномасозӣ сарфароз гардонида шуданд. Боиси сарфарозист, ки Наврӯз Ҷобиров, муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ аз ҷумлаи беҳтаринҳост ва дар самти рӯзноманигорӣ соҳиби дипломи ҷоиза ва мукофотпулӣ гардид.
Мо Наврӯз Ҷобиров - рӯзноманигори соҳибқаламу боистеъдодро бо ин дастоварди беназир табрику таҳният намуда, барояш қалами буррову созанда ва парвозҳои баланди эҷодӣ таманно дорем.