Хабарҳо
Рушди фаъолияти логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 22-уми декабри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт зермаҳфили «Зеҳн» дар мавзӯи «Рушди фаъолияти логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Маҳфилро декани факултет, дотсент Илҳом Неъматов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар замони муосир логистика яке аз соҳаҳои мубрами хоҷагии халқ ба ҳисоб меравад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2016 қайд гардида буд, ки “Дар иртибот ба идома бахшидани рушди соҳаи боғу токпарварӣ, зарур аст, ки таваҷҷуҳи соҳибкорони ватанӣ ба бунёди корхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир оид ба коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, марказҳои логистикӣ, инчунин сардхонаҳои ҳозиразамон барои нигоҳдории меваю сабзавот равона карда шавад”.
Боиси хушнудист, ки кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ донишҷӯёнро аз рӯйи ихтисоси логистика омода менамояд, ки имсол аввалин маротиба донишҷӯён ихтисоси мазкурро хатм менамоянд. Ба ғайр аз ин, устодони кафедраҳои факултет оид ба мавзӯи матраҳгардида тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд.
Дар идома дотсенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ н.и.и., Ҳ. Ҳабибуллоев дар мавзӯи «Рушди фаъолияти логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки рушди фаъолияти логистикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сабабҳои объективӣ – табиатӣ, ҷуғрофӣ, табиӣ, геополитикӣ, иқтисодӣ ва таърихию фарҳангӣ душвор аст. Дар шароити муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар робита бо ҷудошавии коммуникатсия рушд мекунад - ин мушкилот чун солҳои пешин на танҳо дар гуфтугӯҳо ва изҳороти расмии роҳбарони давлатҳо, балки дар корҳои зиёди тадқиқотчиён низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар музокира профессори кафедра Фахриддин Мирзоахмедов баромад намуда, актуалӣ будани масъалаи логистикиро дар шароити имрӯза бо мисолҳои мушаххас пешкаши иштирокчиён намуд.
Дотсентон И. Неъматов, Р. Бобоева, Ф. Раҳимов, С. Темурбекова ва устоди калон У. Воҳидов дар музокира баромад намуданд.
М. Акрамов, роҳбари зермаҳфили «Зеҳн»-и факултети ТИИ