Хабарҳо
Албина – ҷоизадори озмуни “Донишҷӯи сол”
Дар ҷомеаи имрӯза мавқеи ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои мухталифи кишвар хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав ва неруи созанда мебошад. Ба ҳамин хотир аст, ки ҳамасола Кумитаи ҷавонон ва варзиш барои ин қишри ҷомеа озмуну маҳфилҳои гуногун барои сайқал додани донишашон роҳандозӣ мекунад. Озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол" низ ҳамасола аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор карда мешавад. Ҳамасола донишҷӯёни ДДМИТ низ дар ин озмун фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Даври аввали озмун санаи 20-уми декабр бо иштироки 20 нафар донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат баргузор гардид. Ҳакамон фаъолияти донишҷӯёнро ҳаматарафа баҳогузорӣ намуда, дар давраи ҷамъбасти озмун шаш нафар донишҷӯ сазовори ҷойҳои аввал, дуюм ва сеюм гардиданд ва ҳафт донишҷӯи дигар бо ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки Албина Куканбекова, донишҷӯи курси 3 факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардида, аз ҷониби Азим Иброҳим - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки озмуни "Донишҷӯи сол" ҳар сол бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон - муҳассилини макотиби олӣ ва муайян намудани донишҷӯи беҳтарин дар самти илмомӯзӣ гузаронида мешавад. Ҳадаф аз он таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад.
Раҳимзода Н.