Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Намуна - «Ҷавондухтари ташаббускор»

Намуна - «Ҷавондухтари ташаббускор»

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 17 октябри соли равон дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Озмун дар се давра аз рӯи панҷ шарт - муаррифӣ, парпеч кардани кӯдак, хондани суруди алла, омода намудани хӯриш ва ҷавоб ба саволҳои пешниҳоднамудаи аъзои ҳакамон баргузор гардид. 
Даври ҷамъбастии озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018” 25 декабр дар тарабхонаи “Шоира – Люкс” баргузор гардид. Дар ҷамъбаст Намуна Ғафурова-донишҷӯи курси сеюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари ташаббускор” ғолиб дониста шуд. 
Бояд гуфт, ки имрӯз донишҷӯёни ДДМИТ бо нишон додани малакаву маҳорати ҳунарии худ обруву нуфузи донишгоҳро боло мебаранд.