Хабарҳо
Волейболбозони мо соҳиби «Ҷоми раиси ноҳияи Сино» шуданд
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз рӯйи намуди волейбол миёни кормандони раёсату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳия» баргузор гардид. Дар даври аввали мусобиқа миёни 16 даста сабқат гузаронида шуд. Волейболбозони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишон додани маҳорати баланди бозингарӣ бо дастаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Сино» ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба даври финал роҳ ёфтанд.
Давраи ниҳоии мусобиқа санаи 4-уми январи соли 2019 баргузор гардид ва дар натиҷа, ҷойи якум сазовори волейболбозони дастаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гардид, ки ин мояи ифтихор ва сарбаландии мост.
Ҷойи дуюмро дастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино гирифтанд ва ҷойи сеюм ба дастаи муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Сино» дода шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ғолиби мусобиқа дастаи ДДМИТ «Ҷоми раиси ноҳия», Дипломи ҷойи якум, медал ва мукофтопулӣ тақдим гардид.
Мо аҳли варзишгарон ва дастандакорони мусобиқаро барои соҳиб шудан ба «Ҷоми раиси ноҳия» табрик мегӯем ва дар музаффариятҳои навинро орзу менамоем.
Н.Раҳимзода