Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Натиҷаҳои назарраси ДДМИТ дар соли 2018

Натиҷаҳои назарраси ДДМИТ дар соли 2018

Рӯзи 10 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон доир гардид, ки дар он Аскаралӣ Баротов, намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону устодон ва кормандони донишгоҳ иштирок намуданд. 
Тибқи рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДДМИТ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишгоҳ дар муддати соли ҳисоботӣ буд. 
Ректор дар бораи натиҷаҳои фаъолияти яксолаи донишгоҳ муфассал суханронӣ карда, барои соли 2019 вазифаҳоро муқаррар кард. Дар баромади мавсуф ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти сохторҳо ҳамаҷониба таҳлил ва нисбати беҳбудӣ бахшидан дар самти корҳои таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ, равобити байналмилалӣ ва молиявию хоҷагидорӣ андешаҳои ҷолиб иброз гардид. 
Hisobot4001.jpg- Соли 2018 барои тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон соли хотирмону бобарор буд. ДДМИТ низ дар ин сол бо муваффақиятҳои беназиру бесобиқа ва дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад. 
Имсол мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбии мо дигар гардид, яъне тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №169 аз 27-уми марти соли 2018 номи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иваз карда шуд, ки ин аз ҳайати омӯзгорону кормандон масъулиятшиносии бештарро талаб менамояд. Ҳамчунин, дар ин сол дар донишгоҳ бинои нави 3-ошёна бо тамоми шароитҳои зарурӣ қомат афрохта, дар он кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва маркази тестӣ бо 200 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гузоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни таълимгоҳ бо баландии беш аз 20 метр, ки дар миёни муассисаҳои таҳсилоти кишвар нахустин аст, мояи ифтихормандист, - афзуд ректор. 
Илова ба ин, роҷеъ ба афзудани шумораи устодони унвондор, интихоби таълимгоҳи мо аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои хориҷ, баргузории мизҳои мудаввару конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳамчунин ҷалби профессорони донишгоҳҳои бонуфуз барои хондани лексия ба толибилмони ДДМИТ ва дар ин баробар, даъвати профессорони муассисаи мо ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ аз фаъолияти муваффақ ва пешравиҳое буданд, ки дар гузориши ректори донишгоҳ дарҷ гариданд. 
Hisobot4003.jpgБо баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон мавсуф ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, иҷро нагардидани нақшаи нашр, давомот, камбудиҳо дар таҳияи тестҳои имтиҳонӣ, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон эрод гирифта шуд. 
Ба таъкиди ректор, имсол ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардид. Агар соли 2017 ба ДДМИТ 25 нафар хориҷиён таҳсил мекарданд, пас соли 2018 шумораи донишҷӯёни хориҷӣ ба 300 нафар расид. Имрӯзҳо шумораи умумии донишҷӯён 7637 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро 58 нафар бо дипломи аълочӣ хатм намуданд. 
Дар ҷамъбасти масъалаи мазкур устодону кормандон Насриддинов Ф., Содиқов М. ва Калаков Ҷ. дар музокира иштирок ва фаъолияти яксолаи донишгоҳро қаноатбахш арзёбӣ намуда, дар ин баробар, фикру мулоҳизаҳои мушаххас пешниҳод карданд. 
Баъд аз ин ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. дар боби қадрдонӣ ва сарфарознамоии устодону донишҷӯён сухан карда, ба мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, профессор Фирӯзҷон Насриддинов Дипломи профессори фахрии Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои инноватсионии Ҷумҳурии Қирғизистонро, ки соҳиб гардидани унвони профессори ифтихорӣ аз ҷониби донишгоҳи хориҷӣ дар ДДМИТ якумин аст, супорид. 
Hisobot4005.jpgГузашта аз ин, барои дастовардҳои бенуқсон дар фаъолияти корӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳо, дастовардҳои назаррас дар самти таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод ба устодон: профессори кафедраи матетматикаи олӣ Нурилло Усмонов, профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев, мудири кафедраи суғурта Саъдихоҷа Маъдиев, дотсенти кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ Ҳабибулло Ҳабибуллоев, муаллими калони кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Фирдавс Соҳибов ва ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Нигина Урунбоева аз номи раёсати ДДМИТ Ифтихорнома тақдим гардид. 
Инчунин, тибқи фармоиши ректори ДДМИТ ба ғолибони озмуни “Ҷавондухтари ҳунарманди сол-2018” аз рӯи номинатсияи “Ҷавондухтари ташаббускор” Намуна Ғафурова, донишҷӯи курси сеюми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва аз рӯйи номинатсияи “Ҷавондухтари соҳибистеъдод-2018” ба Нилуфар Раҳимзода, донишҷӯи курси 2, факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисод, ҳамчунин ба ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Донишҷӯи сол" Албина Куканбекова, донишҷӯи курси 4, факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ Ифтихорномаи донишгоҳ ва як ададӣ планшет мукофотонида шуд. 
Ба 8 нафар дастаи волейболбозони донишгоҳ низ, ки соҳиби ҷойи аввал ва «Ҷоми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» гардида буданд, Ифтихорномаи ДДМИТ ва планшет тақдим карда шуд. 
Бо ҳамин кори ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон ҷамъбаст гардид. 


Наврӯз Ҷобиров