Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳимояи рисолаи номзадии Бобоҷон Сатторов

Ҳимояи рисолаи номзадии Бобоҷон Сатторов

Боиси хурсандист, ки дар донишгоҳ рӯз то рӯз сафи олимони ҷавон меафзояд ва ин боиси пешрафти сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегардад. 
Санаи 4 январи соли равон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳимояи рисолаи номзадии эдвайзер оид ба таълими факултети МИБ Сатторов Бобоҷон Абдуҷабборович дар мавзӯи “Ҳамкориҳои педагогӣ ва ташкилии мақомоти корҳои дохилӣ, оила ва мактаб оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар миёни ноболиғон» аз рӯи ихтисоси 13.00.01 - педагогикаи умумӣ, таърихпедагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) сурат гирифт. Роҳбари илмии кори номбурда шодравон Қодир Қодиров - доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мебошад. 
Мо Бобоҷон Сатторовро ба ин комёбии илмӣ табрик намуда, барояш дар фаъолияти минбаъдаи педагогӣ барору комёбиҳо орзумандем.