Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби устодони ДДМИТ

Шарҳи Паёми Пешвои миллат аз ҷониби устодони ДДМИТ

Рӯзи 15 декабри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо иштироки садорати факултет ва устодони кафедраҳо чорабинӣ доир ба шарҳи муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Зимни баромад декани факулта Қутбиддин Муқимов доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва рӯйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои умдаи ҳалталаб мегузорад, ки иҷрои онҳо рушди ҳамаҷонибаи кишвари моро дар соли равон ва ояндаи наздик таъмин менамояд. 


Инчунин зимни баромад таъкид шуд, ки соли сипаригашта барои миллати тоҷик соли сарнавиштсоз ва хотирмон буд. Зеро дар соли 2018 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабулшудани пешниҳод ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон вобаста ба масоили об, терроризму экстремизм ва эътирофи арзишҳои олии инсонӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Дар баробари ин болоравии соҳаи саноат ва иқтисодиёти кишвар яке аз пешравиҳои дигар дар соли сипаришуда мебошад. Чунончи дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд: «Пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид». 


Ҳамчунин баромадкунандагон дар бораи ҳадафи чоруми Ҳукумати кишвар, яъне саноатикунонӣ истода гузашта, онро мусоидаткунандаи таъмини зиндагии шоистаи мардум арзёбӣ карданд. 


Дар охир шарҳу тавзеҳи Паём байни устодон ҷараён гирифт, ки зимни он ҳар нафар фикру ақидаашонро иброз доштанд. 


Н.Раҳимзода