Хабарҳо
Рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар Паём
Баҳри шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 13 январи соли равон дар факултети молия ва қарз семинари илмӣ баргузор гардид. Дар семинар Шариф Раҳимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маърӯзаи “Баррасии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баромад намуд. Шариф Раҳимзода зимни баромад оид ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, талошҳои пайвастаи Роҳбари хирадманди кишвар баҳри боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста, баррасии масъалаҳои муҳимтарини Паёми Пешвои миллат ва дастуру супоришҳои некбинонаи он суханронӣ намуд. Номбурда дар бораи нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки сол аз сол дар Паёмҳои Пешвои миллат бо нишондиҳандаҳои мусбӣ инъикос мегарданд, ибрози ақида намуд. Чунончи Пешвои миллат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.
Инчунин дар бораи аҳамияти стратегии эълон намудани соли 2019 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳлилҳои мушаххас сурат гирифт.
Саидхуҷа Махшулов, муовини декан оид ба илми факултети молия ва қарз