Хабарҳо
Рушди иқтисодиёт аз нигоҳи Паём
Санаи 11 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарз маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид. Дар маҳфил устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, оид ба афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар истода гузаштанд. Дар маҳфил мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ Ғ.Ашуров, муаллими калон С.Махшулов ва донишҷӯи курси 4. ихтисоси кори бонкӣ Хушбахт Имомов баромад намуданд. Зимни баромад оид ба натиҷаҳои назарраси нишондодҳои соҳаи фаъолияти молиявӣ ва бонкдории кишвар ва дастовардҳои соҳа ба таври равшану возеҳ маълумот дода шуд.
Дар охир байни иштирокдорон музокира сурат гирифт.
Қаландар Сафаров, раиси маҳфил