Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҳлили самтҳои иқтисодии Паём

Таҳлили самтҳои иқтисодии Паём

Бо мақсади омӯзиш ва натиҷагирӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, санаи 18-уми январ миёни устодон ва кормандони факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва иқтисод ва бизнеси ДДМИТ ҷаласаи васеъ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Амрулло Нурализода ҳусни оғоз бахшида, оид ба нуктаҳои муҳимми Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуд. Пас аз он Рустам Қудратов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳатҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дод. 
Зимни тавзеҳи Паём Рустам Қудратов оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи истеҳсолот, содирот ва ҷалби роҳҳои дигари сармоягузорӣ, пешгирии истеҳсоли маҳсулоти пастсифат ва воридоти он ба қаламрави кишвар ва дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ сухан гуфта, саҳми ташаббусҳои башардӯстона ва созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф ҳамзамон муҳимтарин дастовардҳои соли 2018-ро ҳадафҳои нави стратегии мамлакат, ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба кишвари саноатӣ — аграрӣ табдил додани мамлакат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019 — 2021-ро махсус зикр намуд. Рустам Қудратов нақши лоиҳаи КАСА-1000-ро барои рушди кишвар дар оянда ҳалкунанда донист ва аз Паём иқтибос овард, ки омадааст: «Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар кор доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (қисми Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад». 
Дар идома профессор Зариф Шарипов самтҳои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии аҳолии кишварро, ки дар Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ироа шуданд, таҳлил кард. Мавсуф зимни суханронӣ иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари давлат дар соли 2019 ин шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ва кам кардани теъдоди муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. 
Дар охир байни баромадкунандагон ва иштирокчиён музокира сурат гирифт. 


Н.Раҳимзода