Хабарҳо
Нақши мақомоти гумрук дар таҳкими давлатдории миллӣ
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба Тоҷикистон имкон дод, ки ҳокимияти давлатӣ таҳким гашта, самтҳои инкишофи ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд муайян шаванд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ пешравиҳои куллиро мушоҳида намудан мумкин аст.
19 январи соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи фаъолияти гумрукӣ ба муносибати Рӯзи гумрукчиён семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши мақомоти гумрук дар таҳкими давлатдории миллӣ» доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фирӯз Қодиров оғоз намуда, изҳор дошт, ки мақомоти гумрук дар таъмини амният ва таҳкиму рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муассир мебозад. Сипас, сардори шуъбаи муносибатҳои бисёрҷонибаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники хадамоти гумрук Манучеҳр Маҳмадҷонов маърӯза намуд. Номбурда дар маърӯзаи худ зикр дошт, ки хадамоти гумрук аз бахши маҳдуд ва кӯчак имрӯз ба яке аз институти муқтадири таъминкунандаи амнияту рушди иқтисодиёт мубаддал гаштааст. Хусусан, дар солҳои истиқлолият сохтори он такмил дода шуда, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Инчунин, зикр гашт, ки яке аз вазифаҳои асосии мақомоти гумрук ғанӣ гардонидани буҷети кишвар мебошад. Дар соли 2018 назар ба соли 2017 ба буҷети кишвар маблағи бештар ворид шудааст. Омили асосии барзиёд иҷро гаштани нақша воридоти бештари мол ва татбиқи самараноки қонунгузориҳои амалкунанда, таъмини сифатнокии фаъолият ва пурзӯр намудани назорат дар самти муомилаи ғайриқонунии гумрукӣ мебошад. Ҳамзамон, барои ҳавасмандгардонии соҳибкорон барои воридоти мол тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Дар семинар инчунин Ҳаёт Сафаров - дотсенти Академияи ВКД ҶТ дар мавзӯи «Аҳамияти донишҳои идоракунӣ дар фаъолияти ҳайати роҳбарикунандаи гумрук» маърӯза намуд. Зикр гардид, ки фаъолияти Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти гумрук дар бисёр мавридҳо ба ҳам тавъам буда, ҳар ду низ барои таъмини амнияти миллӣ талош меварзанд.
Дар фарҷом байни иштирокчиён ва меҳмонон музокираҳо сурат гирифт.
Насрулло Тӯйчизода