Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон

Такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон

Тарзу восита ва роҳу усулҳои болобурди сатҳу сифати таълим ва беҳтар гардонидани ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутахассисони соҳибмаълумоти ҷавобгӯи талаботи замони имрӯзро тайёр месозанд, аз устодони дорои ҷаҳонбинии илмӣ, дониши васеъ, малака ва маҳорати касбӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамчунин, оид ба зарурати такмили ихтисоси омӯзгорон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси олии ҶТ ва дар ҳар як баромадҳояшон пайваста таъкид месозанд. 
Вобаста ба ин, раёсати донишгоҳ ҳамасола курсҳои такмили ихтисоси маҳорати педагогиро ташкил мекунад, ки дар он омӯзгорони ҷавон иштирок менамоянд. Ин навбат тибқи нақшаи кории шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим бо мақсади сайқал додани савияи дониши устодон, алалхусус устодони ҷавон ва дар ҳамин замина, таъмин намудани сифати таълим бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 8.01.2019 №10/И шуруъ аз 21-ум то 26-уми январи соли равон курси омӯзишии «Такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон» ташкил карда шуд. Дар курси омӯзишии такмили малакаю маҳорати педагогии омӯзгорон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Саъдулло Носиров ба устодони ҷавони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ нозукиҳои касби омӯзгорӣ, маҳз методҳои нави фаъоли таълиму тарбия, инноватсияи таълим, хусусиятҳои хоси синнусолӣ, инфиродӣ ва тафаккури шахс дар раванди таҳсилро меомӯзонад. 

Takmil4001.jpgTakmil4003.jpg















Зимни баргузории курси омӯзишӣ мубоҳиса ва саволу ҷавобҳо перомуни мавзӯъҳои актуалии педагогика бештар доир шуда, дар такя ба талаботи замони имрӯз барномаи курсҳои омӯзишии мазкур роҳандозӣ мешавад. 
Бояд таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳи зиёд ба ин курсҳо устодони ҷавони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳӣ шомил шуда, майлу рағбати бештар зоҳир менамоянд. Бояд гуфт, ки  хоҳишмандон аз ҳисоби устодони собиқадор низ ба ин курсҳо мароқ зоҳир намуда, фаъолона иштирок доранд.   
Баргузории курсҳои такмили ихтисос ва иштироки фаъолонаи устодон метавонад ба боло бурдани савияи дониш ва тарбияи ҳамаҷонибаи мутахассисони оянда ва баландшавии сифати таълим таъсири мусбат расонад. 


Р. Холбобоев,
сардори шуъбаи мониторинг ва 
идораи сифати таълими ДДМИТ