Хабарҳо
«Уфуқҳои Истиқлол» - раҳнамои миллати тоҷик
Санаи 23-юми январи соли 2019 дар ДДМИТ нишасти илмӣ бахшида ба муаррифии китоби тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» баргузор гардид. Дар доираи нишасти илмӣ нуктаҳои муҳимми китоби тозанашри Пешвои миллат «Уфуқҳои истиқлол» рӯнамоӣ гардид. Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода оғоз намуда, зикр кард, ки ташвиқот ва ҷонибдорӣ намудани ташаббусҳо ва ғояҳои ватандӯстона, адолатпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳли илм ва адаб яке аз самтҳои асосии фаъолияти ДДМИТ маҳсуб меёбад.
Зимни суханронӣ Шукрулло Хайрзода таъкид дошт, ки китоби нави муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии таҳқиқоти дар самти худшиносии миллӣ ва амалӣ намудани ормонҳои миллии тоҷикон арзёбӣ гардида, он дастоварди муҳим ва нотакрори илмию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад.
«Асарҳои навиштаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат ақидаҳои баландарзиш дошта, барои имрӯзу фардои миллати тоҷик ҳамчун дастури роҳнамо хизмат мекунад. Ҳар саҳфаи «Уфуқҳои Истиқлол” пораи таърихи набардҳои мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Асари мазкур дарбаргирандаи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро дар тули Истиқлолият дар бар мегирад, ки барои болоравии ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз Ватани маҳбуб -Тоҷикистон нақши муассир мегузорад» - иброз дошт Ш. Хайрзода.
Дар идомаи нишаст устодони донишгоҳ К. Шарипов, Д. Хоҷаев ва М. Маҳимов оид ба муаррифии китоби тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои истиқлол» ибрози ақида намуда, нақши онро дар рушди минбаъдаи мафкураи миллӣ ва сиёсии ҷавонон муҳим арзёбӣ карданд. Инчунин, гуфта шуд, ки китоби пурарзиши «Уфуқҳои истиқлол», ки ба тозагӣ ба чоп расид, инъикосгари ҷараёни таърихии шаклгирии истиқлолияти кишвар, фарозу фуруди он ва дигаргуниҳои азимро бо камоли диққат ва равшанӣ инъикос намудааст. Пешвои миллат дар ин китоби пурарзиш таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии миллатро ҳамчун маҷмӯае аз тағйирҳову дигаргуниҳо дар амалкардҳои як ҷомеа дониста, заминаҳои фикрӣ, руҳӣ ва сиёсиву иҷтимоии онро мушаххас месозад.
Чунончӣ, дар сарсухани китоби «Уфуқҳои Истиқлол» меояд: “...вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати Тоҷикистон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни “миллати куҳан ва давлати ҷавон”-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо ҳамин аст”. Китоби «Уфуқҳои Истиқлол» аз сарсухан, панҷ боб ва охирсухан иборат аст.
Боби аввали китоб “Истиқлолияти давлатӣ-марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон” ном дорад ва дар он сухан бештар дар бораи зина ба зина ва марҳала ба марҳала эҳё шудани давлати миллӣ ва таҳкими он сухан меравад.
Боби дуюм “Рушди иқтисоди Тоҷикистон ва дурнамои стратегии он” номида шудааст ва бештар масоили иқтисодӣ ва стратегияи миллӣ баҳс шудааст.
Дар боби сеюм масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Пешвои миллат дар ин боб бештар аз дастовардҳои илм, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва танзими он сухан рондаанд.
Дар боби чаҳорум сӯҳбат аз ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоист, ки дар меҳвари сиёсати дохилии давлат қарор гирифтааст. Дар ин боб бештар оид ба фарҳанг, забони давлатӣ, идораи давлатии замони Истиқлолият, мақоми зан дар ҷомеаи муосир, озодии виҷдон, танзими анъанаҳои миллӣ, озодии баён ва рушди матбуоти миллӣ, таъмини амнияти миллӣ сухан рафтааст.
Боби панҷум дарбаргирандаи масъалаи манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ ва мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир аст.
Дар охирсухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фардои дурахшони кишвари маҳбуб назар андохта менависанд: “Акнун давраи гузариш ба анҷом расид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳалаи эҳёву барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди устувор қадам гузоштааст. Албатта, дар ин марҳала низ мушкилоти ҷиддие пешорӯи мо хоҳад буд, вале бо вуҷуди ин мо тамоми шароит ва имкониятро барои ҳаракат ба сӯйи рушди устувор дорем. Муҳимтар аз ҳама, барои оғози чунин марҳалаи тақдирсоз ба боварӣ, эътимод ва иродаи қавии мардуми шарифи Тоҷикистони азиз такя менамоем”.
Бояд гуфт, ки китоби «Уфуқҳои Истиқлол» барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмилалӣ, рӯзноманигорон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷамъбаст ректори донишгоҳ Ш. Хайрзода арзишмандии китобро ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «Уфуқҳои Истиқлол» ҳамчун раҳнамои миллат бояд китоби рӯимизии ҳар яки мо бошад.
Нуралӣ Раҳимзода