Хабарҳо
Муаммоҳо ва дурнамои амнияти энергетикӣ
Рӯзи 24-уми январи соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳо ва дурнамои амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои миллӣ ва байналмилалӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Семинарро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров оғоз намуда, мавзӯи интихобгардидаро рӯзмарра ва муҳим хонда, иброз дошт, ки ин чорабинӣ дар ҳошияи шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-уми декабри соли 2018 баргузор мегардад.
- Дар замони муосир ҳамкориҳои байналхалқӣ пайваста рушд ёфта, паҳлуҳои мухталифро дар бар мегиранд. Чунин ҷараён соҳаҳои гуногунро фаро гирифта, шаклҳои нав пайдо мекунанд. Яке аз ҳадафҳои олии мамлакат рушди соҳаи энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруи худро баҳри амалисозии ин ҳадаф равона карда истодааст. Дар даҳсолаи охир иқтидори истеҳсолии низоми энергетикии кишвар зиёд карда шуда, неругоҳҳои барқии обӣ ба истифода дода шуданд, - афзуд муовини ректор оид ба илм.
Дар доираи мавзӯи матраҳгардида Малика Саидмуродова, мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Мурод Худоиев, н.и.и., дотсенти кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналмилалии ДДМИТ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Дар баромадҳо қайд гардид, ки Ҳукумати кишвар дар баробари бунёди НБО-ҳои нав, ба масъалаи барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, зеро дар ҳолати таҷдид накардани ин гуна неругоҳҳо самаранокии истеҳсолии онҳо метавонад коҳиш ёбад.
Ҳоло Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷаҳон дар ҷойи шашум қарор дорад ва баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ва сеюм барояд.
Бонки ҷаҳонӣ Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз ташхиси пурра гузаронид ва хулосаи худро пешниҳод намуд, ки ин неругоҳ барои Тоҷикистон ва минтақа хатар надорад.
Иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки сарфакорона ва самаранок истифодабарии қувваи барқу бехатарии энергетикӣ ҷузъи асосии бехатарии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Дар охир баҳсу мунозираи илмӣ сурат гирифт.
Наврӯз Ҷобиров