Хабарҳо
Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти энергетикӣ
Рӯзи 26-уми январи соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмӣ-амалӣ ва зермаҳфили «Зеҳн»-и ин факултет доир гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ҳусни оғоз бахшида, изҳор намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-уми декабри соли 2018 дастур ва ҳуҷҷати муҳими рӯйимизиест, ки тамоми самтҳои асосии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифтааст. Мавзӯи мазкур низ дар ҳошияи шарҳу баёни Паём интихоб гардидааст.
Дар тақвияти суханони боло, меҳмони маҳфил Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ изҳор намуд, ки Паём анъана аст ва он ҳамчун нақшаи дурнамо ба тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар равона мегардад. Мавсуф, ҳамзамон, дар бораи нақши НБО-и «Роғун» баромад намуда, онро муҳаррики асосии иқтисодиёт ва андешаи миллӣ арзёбӣ намуд.
- Дар оғоз амалисозии ин тарҳи бузург барои ҳамагон афсона ва ғайриимкон менамуд ва бисёриҳо аз ба кор даромадани ин иншооти аср баварӣ надоштанд. Хушбахтона, бо азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик ин афсона ба ҳақиқат мубаддал гашт ва мардуми сарбаланди мо зина ба зина ба яке аз ҳадафҳои олии дарпешгузошташуда - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ комёб мегарданд, - афзуд нотиқ.
Дар идома Давлатбахт Фозилова, вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ноҳияи Сино оид ба таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф дар Паём андешаронӣ намуда, афзуд, ки дар сиёсати давлатӣ соҳаи маориф мавқеи баланд ва мақоми хосса дорад. Яъне, пешрафти дигар соҳаҳоро бе пешрафти маориф ва илм тасаввур кардан ғайриимкон аст. Мавсуф аз Паёми навбатии Роҳбари давлат иқтибос овард, ки Пешвои миллат чунин таъкид намудаанд: «Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем».
Дар идома муаллими калони кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт Фирдавс Соҳибов дар мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, онро чунин қайд кард:
- Муҳиммияти мавзӯи ҷорӣ аз рӯи нақшаи калидӣ доштани соҳаи энергетика муайян карда мешавад, ки он ҳамчун асоси амнияти иқтисодӣ, таъминкунандаи некуаҳволии босуботи кишвар, тамоми минтақаҳои он ва ҳар як аъзои ҷомеа бо захираҳои энергетикӣ арзёбӣ мегардад.
Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аз байн рафтани ҳалқаи ягонаи энергетикии Шӯравӣ, дар кишвар маҳдудияти захираи энергетикӣ шадидан эҳсос гардид ва аз тарафи Ҳукумати кишвар ба зудӣ дар нақшаи аввал стратегияи давлатии таъмини амнияти энергетикӣ ба ҳаракат дароварда шуд. Вобаста ба ин масъала Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон таъкид карданд, ки: «Бо ба кор андохтани агрегати якуми НБО-и «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматкашӣ тоҷик амалӣ гардад».
Дар интиҳо сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Даврон Хоҷаев дар музокира иштирок намуда, андешаҳои хешро дар ин мавзӯъ изҳор дошт. Ба андешаи номбурда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз захираҳои обӣ ва тавлиди энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза мавқеи устувор дорад. Аз ин рӯ, дар баробари истеҳсоли неруи барқ, бояд амнияти онро низ баррасӣ намуд.
Наврӯз Ҷобиров