Хабарҳо
Ҷавонон дар меҳвари машваратҳои тиҷоратӣ
Имрӯз, 25 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати тарбия ва кор бо ҷавонони донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Клуби соҳибкорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Омӯзиши паҳлуҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳияи бизнес-нақша» доир гардид. Зимни баргузории семинари мазкур Гулзода Маҳкамбой Ҷума, мудири бахши ҷавонони раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Суфизода Давлаталӣ, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Сулаймон Қурбонов, муовини директори Клуби соҳибкорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, соҳибкорони ҷавон, коршиносони соҳаи иқтисоду тиҷорат ва доираи васеи ҷавонони шаҳри Душанбе фаро гирифта шуданд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии Суфизода Давлаталӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Мавсуф вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои семинари мазкур сухан ронда, баён дошт, ки дар замоне ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба моликияти хусусиву сармоядорӣ торафт бештар мегардад, ташаккули маърифати молиявии ҷомеа мавқеи махсус пайдо менамояд. Бо дарки ҳамин бартариятҳо мо ташаббускорони семинари имрӯза дар доираи шарикӣ ин иқдомро роҳандозӣ намудем ва мутмаинем, ки дар марҳилаҳои баъдӣ низ он вусъати тоза пайдо хоҳад кард.
Сипас Давлатзода Абдулло Давлат, сардори раёсати корҳои тарбияи ДДМИТ дар мавзӯи «Тиҷорати электронӣ: саноат, истеҳсолот, мол, муштарӣ» баромад намуда, изҳор доштанд, ки баробари мавқеи ҷаҳониву умумибашарӣ пайдо намудани шабакаи байналмилалии Интернет василаҳои муассиру муфид ва камхарҷу сердаромади хизматрасонии истеҳсоливу соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ ба миён омадааст, ки ҳамарӯза доираҳои васеи муштариёнро ба худ ҷалб менамояд. Густариши ин раванд метавонад сифати хизматрасониро беҳтар намуда, мушкилоти дастрасии инсониятро ба молу маҳсулоти босифату бозоргир дур созад ва фосилагузориҳои истеҳсоливу тиҷоратиро аз байн барад. Аз сӯи дигар, тиҷорати электронӣ имкони ба миён омадани сармоядорони нав ва соҳибкорони муваффақ мегардад. Дар раванди торафт васеъшавии тиҷорати электронӣ иқтидорҳои иқтисодии кишварҳои ташаббускору шароитофари чунин намуди тиҷорат метавонанд идоракунандаи бозори тиҷорати дохиливу байналмилалӣ гарданд ва мавриди эътимод бошад, ки муфидияти ниҳоияш аз байн рафтани нобоварии иқтисодиву соҳибкорӣ, ба миён омадани ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, амалишавии ҳадафҳои иқтисодӣ, татбиқи стратегияҳои рушди давлатҳо хоҳад гардид.
Дар идомаи семинар-машварат аз ҷониби Шодиев Кӯҳзод, коршиноси масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Сулаймон Қурбонов, муовини директори Клуби соҳибкорони ҷавони назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Ҳоҷиакбар Ҳайдаров, коршиноси ҷавони масъалаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бизнес-нақшаҳои гуногун муаррифӣ карда шуда, бобати омоданамоии бизнес-нақшаҳо, бунёди иродаву рӯҳияи соҳибкорӣ, василаҳои муассири амалинамоии ҳадафҳои соҳибкорӣ, истифодабарии самараноки вақт машварату тавсияҳои муфид дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур дар доираи мақсадҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардида буд, роҳандозӣ шудааст.
Фаридун Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони ДДМИТ