Хабарҳо
Вохӯрии ректор бо намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ
Рӯзи 24 январи соли ҷорӣ дар ДДМИТ ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон ҷаноби Ян-Петер Олтерс ва ҳайати намояндагони ин бонк вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни Бонки умумиҷаҳонӣ ва ДДМИТ баррасӣ гардид.
Дар оғоз ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ. меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои гуногуни фаъолияти таълимгоҳ, шароити таҳсил ва базаи моддию техникии он ба меҳмонон маълумот дод.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба хондани лексия аз ҷониби мутахассисони соҳаи бонкдорӣ барои донишҷӯёну магистрантон, иштироки донишҷӯён ва устодон дар барнома ва лоиҳаҳо, ҳамкориҳои дуҷониба дар ташкили барнома ва лоиҳаҳои муштарак ва дигар масъалаҳои вобастаи таҳсил ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд хотирнишон сохт, ки давра ба давра равобити байналмилалии донишгоҳ бо созмонҳои хориҷӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар торафт вусъати тоза пайдо карда истодааст ва он баҳри рушду такомули таълиму тадрис дар ин боргоҳи илму маърифат такони ҷиддӣ мебахшад.