Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Омӯзиши шакл ва сохти таҳияи нақшаи таълим

Омӯзиши шакл ва сохти таҳияи нақшаи таълим

Санаи 29-уми январи соли ҷорӣ дар ДДМИТ таҳти роҳбарии Амрулло Нурализода, муовини якум, муовини ректор оид ба таълим семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар Насрулло Ҳабибов - мудири шуъбаи таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шакл ва сохти таҳияи нақшаи таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва ташкили раванди таълим мутобиқи низомномаи низоми кредитии таҳсилот баромад намуд. 
Н. Ҳабибов зимни баромад иброз дошт, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30.12.2016. №19/24 ва мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.01.2017. №22 ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ супорида шуд, ки раванди таълими низоми кредитии таҳсилотро дар асоси талаботи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд. Инчунин номбурда оид ба нақшаи таълим сухан ронда, таъкид дошт, ки нақшаи таълим - мазмун ва ҳаҷми сарбории таълимии донишҷӯёнро муайян мекунад. Раванди таълим тибқи барнома ва нақшаҳои намунавии аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқкардашуда сурат мегирад. Дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, нақшаи таълимии фардӣ - аз тарафи ҳар як донишҷӯ таҳия шуда, самт (траектория)-и таҳсилоти ӯро муайян мекунад. Дар баробари ин ташкил ва гузаронидани корҳои таълимӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию иртиботие мебошад, ки дар фосила татбиқ намудани раванди таълимро имконпазир мегардонад. 
Дар идомаи баромад Н. Ҳабибов оид ба низоми таҳсилоти фосилавӣ сухан ронда, илова кард, ки раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ пурра бо истифодаи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад. 
Дар анҷоми семинар байни устодон ва баромадкунанда оид ба масъалаҳои марбут ба самти таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. 


Н. Раҳимзода