Хабарҳо
Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар фазои маънавӣ
Санаи 30-юми январи соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ маҳфили илмӣ-назариявии фарҳангдӯст дар мавзӯи «Равобити Меҳргон, Сада ва Наврӯз дар фазои маънавии аҷдодони тоҷикон» баргузор гардид. Дар раванди маҳфил масъалаҳои ҷашнҳои миллӣ - Сада, Меҳргон, Наврӯз, Ялдо ва Тиргон баррасӣ гардиданд.
Кори маҳфилро профессори кафедраи фанҳои гуманитарӣ Ғуломҷон Мирзоев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ ва қабули онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат хоҳад кард ва ин ҷашнҳо муаррифгари тамаддуни ориёитаборон ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷараёни маҳфил номзади илмҳои таърих Асадулло Муллоҷонов баромад карда, зикр намуд, ки истилоҳи “Сада” аз вожаи “сад” ва пасванди “а”, сохта шудааст. Сада калимаи форсии тоҷикӣ буда, дар забони паҳлавӣ дар шакли “сат”, “сатаг”, “сазак”, “саз” ёд мешуд ва арабҳо бошанд, онро “саадак” меномиданд.
Абурайҳони Берунӣ дар «Аттафҳим» сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашнро ба он мансуб медонад, ки аз рӯзи ин ҷашн то Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Яъне, аз ибтидои зимистон (аввали Обон) то даҳуми Баҳман, ки ҷашни Сада аст, 100 рӯз ва аз даҳуми Баҳман то Наврӯз ва аввали баҳор 50 рӯз ва 50 шаб будааст. Ҳамчунин, А. Берунӣ дар асари худ “Осор-ул-боқия” чунин менигорад: “Эрониён пас аз он ки қабиса бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз Обонмоҳ (27 октябр) бигзарад, мешумориданд ва охири зимистони бузургро даҳ рӯз аз Баҳманмоҳ мегузашт (яъне, 31 январ), ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд”.
Дар идома Асадулло Муллоҷонов афзуд, ки кӯдакон бештар ба “гулафшонӣ”, навъе аз бозӣ, ки ба мушакпарронии кунунӣ шабеҳ аст, машғул мешуданд ва “Бо майи гулгун гулафшонӣ кун” гуфтани Ҳофизи Шерозӣ ишора ба ҳамин амал аст. Дӯшизаҳо меҳру орзуву омоли хешро дар матоъҳои сурху гулобию ҷигарӣ, ки ранги оташ ва сипанд, миҷози гарм доранд, мерезанд. Тоқии домодиро нигора мезаданд. Хурӯс, ки мардумро аз расидани бомдод мужда медиҳад, ва аз ин рӯ, хӯрдани гӯшташ мамнӯъ буд, рамзи моҳ, яъне ранги сафед буд. Кор аз рӯи хирад ба ҷо овардан ба хонаи доноён шудан ва аз суҳбати эшон баҳра бардоштан, бо ёрон машварат оростан, бо душманон роҳи оштӣ ҷустан, либоси хуб пӯшидан, ба хонаи ҳамсоя ширу мост бурдан, ба аёдати беморон рафтан, аз суннатҳои ҷашни мазкур ба ҳисоб мерафт.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чунин нуктаҳо зикр гардиданд: «Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд”.
Аз зумраи он мероси аҷдодӣ одату ҷашнҳои суннатӣ - Сада, Наврӯз ва Меҳргон маҳсуб ёфта, дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳмгузоранд. Яке аз вижагиҳои муҳими ҷашнҳои ориёӣ ин аст, ки бар хилофи бисёре аз миллатҳои гуногун, баргирифта аз дастурҳои динӣ ва мазҳабӣ набуда, бештар аз падидаҳои иқлимӣ, иҷтимоӣ ва кайҳонӣ мебошанд. Аммо ҳамвора дар ҳар замон пайравони бархе адён ва қудрату давлатҳои даврон кӯшиш кардаанд, то ҷашнҳои муҳим ва густурдаро ба ҳар шакл ба дин ва давлат пайванд зананд, ба он ранг ва бӯйи мазҳабиву сиёсӣ бидиҳанд ва ҷомаи тоза бар тани он бипӯшонанд.
Дар фарҷоми маҳфил иштирокчиён ба маърӯзакунанда саволҳо дода, дар музокира ширкат варзиданд.
Ҳасан Бойназаров, устоди кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ