Хабарҳо
Шанбегии дастаҷамъона дар донишгоҳ
Имрӯз (02.02.2019 сол) тибқи супориши ректори донишгоҳ Хайрзода Ш.Қ., ки дар ҷаласаи олимони ДДМИТ ироа гардид, дар донишгоҳ шанбегии умумӣ оғоз ёфт. Дар шанбегӣ устодону донишҷӯён, ҳайати кормандони сохторҳо ва хоҷагӣ муташаккилона, бо як азму иродаи мустаҳкам ба тозаву озода намудани муҳити атроф, синфхонаҳо ва утоқҳои корӣ машғул шуданд.
Дар ин ҳашари умумидонишгоҳӣ асосан ба масъалаи тозагии синфхона ва утоқҳои корӣ, аз ҷумла тоза кардани мизу курсиҳо, шиору овезаҳои куҳнаю ба талаботи рӯзмарра ҷавобгӯнабуда, шӯстани дару тирезаҳо ва ҷобаҷогузории китобу варақа ва ҳуҷҷатҳо эътибори хосса зоҳир карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки пайваста дар таълимгоҳ барои ободу зебо ва кабудизоркунию хуррамгардонии саҳн, гирду атроф ва қад-қади роҳи донишгоҳ корҳои ободонӣ ба роҳ монда мешаванд ва дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат меварзанд.
Тавре мегӯянд, тозагӣ маҳаки асосии саломатии инсон аст. Ин аст, ки чунин корҳои сабзу хуррамгардонӣ ба ҳукми анъана даромада, барои болобурди маърифати экологии донишҷӯён ва ободонии донишгоҳ мусоидат менамояд.
Наврӯз Ҷобиров